Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нормушкиҳо

Нормушкиҳо

Нормушкиҳо (Celastraceae), оилаи растаниҳои дупаллагист. Дарах ти ҳамешасабз ё хазонрез, бутта ё лианаанд. Баргашон содда, гулашон актиноморфии дуҷинса (баъзан якҷинса) буда, 4—5 косабарг ва гул- барг, 4—5 ё 8—10 гардбарг доранд; ғӯракашон болои; дар дохили гулашон шаҳддон мавҷуд аст; ғӯзамева, ғуҷуммева ё донакмева доранд. Қа­риб 60 ҷинсу 850 намудашон дар мамлакатҳои тропикӣ, субтропикӣ ва минтақаҳои иқлимашои мӯътадили нимкураҳои ҷанубӣ ва шимолӣ ме­рӯянд. Дар СССР 19 намуд аз се ҷинси Нормушакҳо (нормушк, Kalonymus ва Сеlastrus) месабзад. Намудҳои ҷинси Kalonymus ва Celastrus асосан дар Шарқи дур мерӯянд.

Ад.: Т а х т а д ж я н A. JI., Система и филогенез цветковых растений, М.—Л., 1066.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …