Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Нормативизм

Нормативизм

Нормативизм, яке аз ҷараёнҳои асосии назарияи ҳуқуқи буржуазии асри 20. Нормативизм бо позитивизми дар ҳуқуқшиносии асри 19 ҳукмрон алоқаманд аст. Нормативизм тезисҳои позитивизмро инкишоф дода, талаб мекунад, ки илми ҳуқуқшиносӣ аз омӯзиши омилҳои иҷтимоӣ, ки ба қонунгузор, адолати судӣ, рафтори одамон дар соҳаи ҳуқуқ таъсир мерасонанд, даст кашад. Нормативизм даъват мекунад; ки ҳуқуқ дар шакли соф ҳамчун соҳаи махсуси нормативӣ аз ҳастии иҷтимои, шароити сиёсию иқтисодӣ ҷудо омухта шавад.

Нормативизм ба нуқтаҳои фалсафаи неоканттигӣ истистинод мекунад. Шиори Нормативизм чунин аст: «ҳуқуқ танҳо сабаби ҳуқуқ шуда метавонад, қувваи ҳуқуқ дар худи вай аст». Умуман Нормативизм ба муқобили таъбири марксистии ҳуқуқ нигаронда шуда аст. Бар хилофи марксизм Нормативизм имконияти аз назари иҷтимоӣ ба ҳуқуқи буржуазӣ баҳо доданро рад мекунад. Нормативизм бештар дар асарҳои ҳуқуқшиноси австриягӣ X. Кёльзен, инчунин тарафдорони мактаби нормативӣ А. Фердросс, А. Меркл, Я. Кунц, Ш. Эйэенман ифода ёфтааст.

Нуқтаҳои Нормативизмро инчунин Г. Навиасский (Германия), К. де Малберт (Франсия) ҳифз менамуданд. Нормативизм дар Европа махсусан дар байни ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ васеъ интишор ёфта буд. Баъди Ҷан­ги дуюми ҷаҳонӣ мавқеи Нормативизм дар Ев­ропа паст шуд, вале дар як қатор мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ таъсири муайяне дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …