Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Норматив

Норматив

Норматив, ҳисобу китоби вақти корӣ, захираҳои моддӣ ва пулие, ки ҳангоми ба норма ва ба план гирифтан, идора кардани фаъолияти истеҳсолию хоҷагии корхона (иттиҳо­дия) ва ташкилотҳо истифода мешавад. Дар шакли натуралию аш­ёӣ ва арэзишӣ муайян шуда, бо бузургиҳои мутлақ ё нисбӣ ифода меёбад.

Дар СССР Норматив дар ҳолатҳои зер амал дорад: ҳисобу китоби нормаи вақти корӣ, масолеҳ, сӯзишворӣ, қувва, хароҷоти хизматрасонӣ ва дигар навъи захираҳо ба воҳиди маҳсулот ё кор; нишондиҳандаҳои план; барон ҳисобу китоби нишондиҳандаҳое, ки ҷиҳати молиявии фаъолияти корхонаро танзиму тавсиф менамоянд; ҳангоми ҳисобу китоби нишондиҳандаҳое, ки барон собит кардан ва нигоҳ доштани дараҷаи зарурии ташкили истеҳсолот, сохтмон, лоиҳакашӣ, кор фармудани таҷҳизот истифода мешаванд. Аз рӯи доираи истифода Норматив ба байнисоҳавӣ (ё Нормативи хоҷагии халқ), соҳавӣ (ё идораҳо) ва заводӣ ҷудо мешавад.

Аз рӯи мӯҳлати кор Нормативро ба Нормативи дароз мӯҳлат ва ҷорӣ тақсим мекунанд. Фаъолияти хоҷагии корхонаҳои сотсиалистӣ дар асоси бо Норматив муқоиса намудани нишондиҳандаҳои амалӣ таҳлил карда мешавад. Норматив бояд ба дараҷаи комьёбиҳои навтарини илму техника мунтазам мусоидат кунад. Нормативи аз ҷиҳати илмӣ асоснок барои ба мизон овардани захираҳои моддӣ, меҳнатию пулӣ ва татбиқи назорат аз болои фаъолияти корхона ва иттиҳодияҳои истеҳсолӣ аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …