Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нормаи забон

Нормаи забон

Нормаи забон, маҷмӯи қоидаҳои таърихан шаклгирифтаи воситаҳои умумиистеъмоли забон, инчунин қоидаҳои интихоб ва истифодаи ин воситаҳо мебошад, ки аъзоёни ҷамъият дар давраи муайяни таърихӣ қабул намуда, эътироф кардаанд. Доираи Нормаи забон басо фарох буда, тарзи талаффуз, имло, гуфтор, услуб, баён, қонуну қоидаҳои грамматикӣ, луғат ва ғайраpo фаро мегирад. Забони ба нормадаромада забони адабиёти бадеӣ, илмӣ, матбуоти даврагӣ, радиою телевизион, театру кино, идораю муассисаи давлатӣ, мактаб ва ғайра мебошад. Ба ин ҷо ҳамчунин нормам талаффузу имло, нормаи луғат, нор­маи қоидаҳои морфология, нормав воҳидҳои синтаксисӣ дохил меша­ванд.

Нормаи забон категорияи таърихист: дар баробари устувору бардавом буданаш ба тағйирот дучор мешавад. Ин ҳол аз хусусияти муҳимми забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятию иҷтимои, ки ҳамроҳи ҷамъият муттасил дар инкишоф аст, бармеояд. Дигаргунин муайяни норма ба дараҷае мерасад, ки барои айни як ҳодисаи забон дар давраи муайян якчанд қоида ва воситаи ифода дида мешавад: дар ба­робари қоидаи пешина ба таври мувозӣ қоидаи нав низ амал мекунад (баъзе исмҳо дар забони тоҷикӣ ҳам) бо суффикси -он ва ҳам бо суффикси -ҳо ҷамъ мешаванд: дарахтон — дарахтҳо, коргарон — коргарҳо); баъзе исмҳо ду шакли навишт доранд (гунбад — гунбаз, хидмат — хизмат); баъзе феълҳо ҳам дар шакли ана­литики ва ҳам дар шакли синтети­ки истифода мешаванд (талаб кар­дан — талабидан, ханда кардан — хандидан).

Устуворию бардавомии нисбии воситаҳои забон, гуногунии вазифа ва тобишҳои услубии онҳо аз хусусиятҳои асосии Нормаи забони адабӣ мебошад. Нормаи имлию грамматикаи забони адабӣ нисбатан устувор аст, аммо лексика ба истифодаи нис­батан озод имкон медиҳад. Умуман, дар Норимаи забрни адабии мавҷуда воситаҳои забон вариантҳои гуногун дошта метавонанд. Вариантҳо вазифаҳои гуногуни услубиро иҷро менамоянд. Ташаккулу таҳаввули минбаъдаи Нормаи забони адабӣ ба просесси минбаъдаи ба норма даромадани воситаҳои забонӣ (ба таври стихиявӣ ё бошуурона) вобаста аст. Дар ташаккулу пойдорӣ ва химояву вусъати Нормаи забони адабӣ адабиёти бадеӣ, илмии оммавӣ, мактаб, театру кино, нашриёту матбуот, радио, телевизион ва дигар воситаҳои оммавии ахборот аҳамияти калон доранд. Нормаи забонии адабиро грамматикаҳои нормативӣ ва фарҳангу луғатҳо, ки дар онҳо дигаргуниҳои дар забон рӯйдода акс ёфта меистанд, муайян мекунанд.

Ад.: Ш у к у р о в М., Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад, Д.. 1968; Иц­кович В. А., Языковая норма. М., 1968.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …