Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нормаи кишт

Нормаи кишт

Нормаи кишт, меъёри муайяни кишти тухмист ба 1 га. Нормаи кишт ба навъи зироат, ҳосилхезии замин, тухмӣ, мӯҳлат, усулҳои кишт ва ғайра вобаста аст. Нормаи кишти як намуди зироат низ гу­ногун шуданаш мумкин. Macолан, Нормаи кишти зироати силосбоб назар ба зироати ғалла зиёд аст. Нормаи кишт барои ноҳияҳои шимоли СССР назар ба ноҳияҳои ҷануб зиёдтар мебошад. Macалан, Нормаи кишти гандуми баҳорӣ барои ноҳияхои шимолӣ 6—7 млн дона тухмӣ (ба 1 га), барои ноҳияҳои ҷанубу шаррқӣ 3,5—5 млн до­на тухмӣ муқаррар шудааст.

Тухмӣ бояд 100% неш занад. Масалан, агар Нормаи кишти тухмӣ 4 млн дона бошаду 94%-и тухмӣ неш занад, он гоҳ меъёри кишти он ин тавр мешавад:

                       

                = 4,4 млн дона

Барои ба ҳисоб гирифтани вазни тухмӣ одатан, шумораи тухмиро ба вазни 1000 дона зарб мезананд. Агар вазни 1000 дона тухмӣ 40 г бошад, он гоҳ Нормаи кишти тухмӣ 4,4 млн • 40 = = 176 кг мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …