Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нормаи истеъмол

Нормаи истеъмол

Нормаи истеъмол, нишондиҳандаи иқтисодиест, ки истеъмол ва таъминоти аҳолиро аз неъматҳои моддӣ ва хизматрасонии маишӣ тавсиф мекунад. Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ Нормаи забон дар вақти тартиб додани планҳои тараққиёти хоҷагии халқ, баландшавии некӯаҳволии меҳнаткашон ва дар давраи таҳлили иқтисодию статистикии ин планҳо истифода мешавад.

Нормаи п л а н и р о барои асоонок кардани нормаҳои ҳароҷоти таъминоти муассисаҳое, ки ба ҳисоби буҷети давлатианд (мактаб, боғчаҳои бачагона, яслиҳо, касалхона ва ғайра), истифода мебаранд. Масалан, нормаҳои харҷи пул барои хӯроки беморони касалхонаҳо дар асоси нормаҳои муайяни хӯрок, ки муассисаҳои илмию тиббӣ пешакӣ кор карда баромадаанд ва органҳои дахлдори идоракунин давлатӣ тасдиқ намудаанд, муайян карда мешаванд. Нормаҳои сохтмони шаҳрӣ дараҷаи муайяни таъминоти аҳолиро бо ҳамаи муассисаҳои доираи хизматрасонӣ — ка­салхонаҳо, мактабҳо, борчаҳои бача­гона ва яслиҳо, корхонаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва хоҷагиҳои маишӣ, нақлиёти шаҳрӣ ва алоқа, кинотеатрҳо, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои маданӣ, иншооти спортӣ, ҳудуди муайяни майдонҳои кабудизоркунӣ ва ғайра ба ҳисоб мегиранд.

Нормаи истеъмолии р а тс и о ш а л и с т ӣ барои асоснок кардани нормаҳои истеъмол ва таъминоте истифода мешавад, ки асосан ,роҳҳои ба даст овардани комёбиҳои ояндаро пешбинӣ меку­над.

Нормаи истеъмолии физиологӣ (ё илмак асоснокшуда) шакли аз ҳама маъмул буда, масъалаи асоснок намуда­ни нормаҳои истеъмоли маҳсулоти ғизоиро дар бар мегирад.

Бо баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии меҳнаткашони СССР истеъмоли гӯшт, шир, тухм, сабзавоту мева ва ғайра зиёд мешавад. Дар айни ҳол истеъмоли сарикасии нон, картошка ва ғайра кам мешавад. Масалан, соли 1950 ис­теъмоли гӯшт ва равған ба ҳар як сари аҳолӣ 26 кг буда, солҳои 1965— 1977 аз 41 то 57 кг, шир ва маҳсулоти ширӣ бошад аз 251 то 322 кг, тухм аз 124 то 224 дона, сабзавот аз 72 то 89 кг, 1мева аз 28 то 41 кг афзуд ва дар баробари ин истеъмоли сари­касии нон аз 156 то 140 кг, картош­ка бошад аз 142 то 122 кг кам шуд. Нормаи истеъмолӣ дар мамлакатҳои капиталисти низ вуҷуд дорад. Macалан, Нормаи истеъмолии физи­ологии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар ШМА соли 1942 кор карда шудааст, дар конференсияи байналхалқии 44 мамлакат аз рӯи масъалаҳои озуқаворӣ ва аграрӣ ҳамчун намуна қабул карда шуд.

Ад.: Методологические вопросы изуче­ния уровни жизни трудящихся, в. 2, М., 1962; Саркисян Г. С.. Кузнецова Н. П., Потребности и доход семьи, М., 1967; Бузл,яков Н. И., Методы пла­нирования повышения уровня жизни. М., 1969; Научные основы экономического прогноза, М., 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …