Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Нормаи ҳуқуқ

Нормаи ҳуқуқ

Нормаи ҳуқуқ, қоидаи рафтори ҷамъиятиест, ки аз тарафи давлат муқаррар шуда, барои ҳама ҳатми мебошад. Нормаи ҳуқуқ чун тамоми ҳуқуқ муносибатҳои муайяни ҷамъиятири ба манфиати синфи ҳукмрон инкишоф медиҳад. Нормаи ҳуқуқро органҳои ваколатдори давлатӣ мууқаррар менамоянд.

Нормаи ҳуқуқ аз 3 қисм — гипотеза (муайян намудани шартҳoe, ки чун дастур истифода шудаанд)диспози­тсия (баёни ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ); с а н к с и я (зикри оқибатҳои вайрон кардани Нормаи ҳуқуқ, ки сабаби ба ҷавобгарӣ кашидани шахс мегарданд) иборат мебошад. Дар моддаҳои қонуни ҷиноятӣ Нормаи ҳуқуқро одатан ба ду тақсим менамоянд; диспозитсия (нишонаҳои ҷиноят) ва санксия (чораи ҷазо).

Нормаи ҳуқуқ инчунин аз рӯи эътибори ҳуқуқӣ (қонун, указ ва ғайра ) ва аз рӯи объекти танзими худ тавсиф карда меша­ванд (ба ҳуқуқӣ давлатӣ, гражданӣ, молиявӣ ва ғайра). Нормаи ҳуқуқ боз ба и м ­п е р а т и в ӣ, ки аз қоидаҳои қатъӣ иборат буда, риояи онҳо барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқ ҳатмианд ва д и с п о з и т и в ӣ, ки барои ҳуқуқ уҳдадориҳои худро дар доираи муқаррарнамудан қонун муайян кардани онҳо имконият медиҳад, тақсим мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …