Маълумоти охирин

Норма

Норма (аз лот. norma — қоида, намуна), 1. Миқдори минималӣ ё андозаи чизест, ки онро қоида ё плап пешбинӣ мекунад (масалан, нормаи вақт, нормаи кишт). 2. Қоида ва нуқтаи назаре, ки дар муҳити муайяни иҷтимоӣ аз тарафи умум эътироф гардидааст; қоидаи рафтори одамон дар ҷамъият, ки дар қонун зикр шудаанд (масалан, нормаи ҳуқуқ). 3. Қоида ё қонуни ягон соҳаи дониш (маесалан, нор­маи забон). 4. Бузургии миёнаи ягон чиз (масалан, нормаи ҷараён). 5. Нормаи н а м о я н д а г ӣ — шумораи депутат ва вакилонест, ки намояндаи муқарраршудаи интихобкунандагон дар органҳои интихобб, съезду конференсияҳо ва ғайраҳо мебошанд. 6. Нормаи т и п о г р а ф ӯ — номи муаллиф ё номи китоб, ки бо ҳуруфоти майда дар саҳифаи аввали ҳар як ҷузъи чопӣ пашр мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …