Маълумоти охирин

Норин

Норин, вилоятест дар ҳайати РСС Қиғизистон. 11 декабри 1970 ташкил шудааст (солҳои 1939—1962 вилояти Тиёншон ном дошт). Дар Ҷанубу Шимол ва Ҷануб бо Хитой ҳамсарҳад. Масоҳаташ— 50,2 ҳазор км2. Аҳолиаш —228 ҳазор нафар (1979). Ба 6 район тақсим шуда, 1 шаҳр ва 2 птш дорад. Марказаш — шаҳри Норин.

Табиат. Норин дар ҳудуди Тиёншони Дохилӣ ҷойгир аст. Он аз силсилаи қаторкӯҳҳо иборат буда, ба водиҳои ва­сеъ ва пастхамиҳо ҷудо мешавад. Территорияи Норин аз Ғарб ба Шарқ торафт баланд ме­шавад. Дар Ҷанубу Шимол қатокӯҳи Кукшалтов (баландиаш то 5982 м), дар Ҷанубу Шимол қатокӯҳи Фарғона (баландиаш то 4692 м), дар Шимолу Ғарб қисми шарқии қаторкӯҳи Сусамиртов (баландиаш то 4048 м) ва қаторкӯҳи Ҷумголтов (баландиаш то 3947 м). дар Шимолу Шарқ қисми ғарбии қаторкӯҳи Терскей-Алотов ва қаторкӯҳи Ҷетим (баландиаш зиёда аз 4500 м) воқеанд. Қаторкӯҳҳои ноҳияи дохилии вилоят: Намантон (баландиаш то 4718 м), Отбошӣ (баландиаш то 4786 м), Норинтов, Мӯлдотов ва ғайра Калонтарин пастхамиҳо ва водиҳои байни кӯҳҳо: дар Шимому Қӯҷқор, Ҷумгол— дар марказ — Норин, Отбошӣ, дар Ҷануб— Охсой, Чатиркӯл, дар Ғайра— Тӯгузтуру. Иқлимаш ниҳоят континентӣ. Зимистонаш қаҳратун, тобистоиаш нисбатан салқин. Ҳарорати миёнаи январ аз —10,Г С (дар Кӯҷқор) т0 —27,7° С (дар водии Охсой). Ҳарорати миёнаи июл аз 21 (дар Казарман) то 9° С (дар водии Охсой). Боришоти солона 200—300 мм. Дар баъзе водиҳо (масалан, дар водии Кӯҷқор) зимистон қариб тамоман барф намеборад. Давраи нашви растанӣ қариб 130 шаборӯз. Дарёҳои асосиаш: Норин, Тарим, Чу. Барои обёри асосан оби шохобҳои дарёи Норин — Норини Хурд, Кӯхӯмерен, Отбошӣ, Олабуга истифода мешавад. Соли 1970 ГЭС-и иқтидораш 40 мВт (дар дарёи Отбошӣ) ба истифода дода шуд. Дар дарёи Чу обанбори Уртатӯқай сохта шудааст. Кӯлҳои калон: Сункӯли шириноб ва Чатиркӯли шӯрчаоб. Оби минералии Чатиркӯл шӯҳрат дорад. Дар вилоят набототи нимбиёбонӣ бисёр аст. Дар маҳалҳои ниҳоят паст явшон ва гиёҳҳои хӯшадори гуногун мерӯянд. Дар минтақаҳои болоии нишебиҳои кӯҳҳо марғзори субалпӣ ва алпӣ воқеанд. Дар баландкӯҳ минтақаҳои тундра, дар Шарқ биёбони баландкӯҳу хунук воқеъ аст. Дар Норин настаран, зирқ, бушол, дарахтони аръар, бед, арча ва ғайра мерӯяд. Аз ҳайвонот архар, бузи кӯҳӣ, шоҳпаланг, коқум, гург, рӯбоҳ, суғур ва ғайра зиндаги мекунад.

Аҳолӣ. Дар вилоят асосан қирғизҳо, инчунин русҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо, украинҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 4 кас. 16% аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат дорад.

Хоҷагӣ. Дар иқтисодиёти вилоят хоҷагии қишлоқ мавқеи асосӣ дорад. Солҳои 1970 дар Норин 41 колхоз ва 8 совхоз буд. Аз навъҳои ғалладона асосан ҷаву гапдум кишт мешавад. Чорводорӣ тараққӣ кардааст. Дар чарогоҳҳои васеъ асосан гӯсфандони маҳинпашм ва ниммаҳинпашм парвариш карда мешаванд. То ибтибои соли 1974 вилоят 2306,1 ҳазор гӯсфанду буз, 93,3 ҳазор гов, 68,3 ҳазор асп дошт. Солҳои охир кӯтоспарварӣ низ инкишоф ёфт. Саноат тараққӣ карда истодааст. Дар солҳои охир маҳсулоти умумии саноат чандин маротиба афзуд. Сарватҳои зеризаминӣ: тилло, намаксанг, санги хоро ва ғайра. Дар вилоят комбинати гӯшт, заводи равғану панир, заводи механикӣ, заводи «Оргтехника» ва ғайра аст. Дарозии роҳҳои автомобилгард 4,4 ҳазор км аз он ҷумла 2,2 ҳазор км сангфарш. Роҳҳои асосӣ: Рибаче — Норин — Туруғарт, Норин — Казарман.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1973—1974 дар 148 мактаби маълумоти умумӣ 62,3 ҳазор талаба, дар 2 мактаби миёнаи махсус 1100 талаба мехонд. То ибтидои соли 1975 дар вилоят 148 китобхонаи оммавӣ, Музеи Тиёншон, Театри дра­мам Норин, 125 клуб, 88 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 5 хонаи пионеров, 7 мактаби бачагонаи спортӣ буд. Дар Қазонқуйган ст. таҷрибавии Тиёншон оид ба чорводории Институти тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринарии Қирғизистон воқеъ аст. Газетаи вилояти ба забони қирғиз «Нарын правдасы» («Ҳақиқати Норин», аз соли 1938) ҷой мешавад. Дар вилоят барномаҳои радио ва намоишҳои телевизиони республикавӣ ва умумииттифоқӣ шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То ибтмдои соли 1974 дар муассисаҳои табобатии Норин 2 ҳазор кат буд (9,7 кат ба 1000 нафар аҳолӣ), 311 духтур ба аҳолӣ хизмат мерасонд. (1 духтур ба 653 нафар аҳолӣ).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …