Маълумоти охирин

Норин

Норин, як навъ таоми миллист. Дар дег гӯшти намакхӯрдаи гов ё гӯсфандро пухта онро пора мекунанд. Баъд дар оби он туппаи ба шакли 10 X 10 ё 10 X 5 см буридашударо яклухт пухта бо чӯби мах­сус мебардоранд ва ба рӯи табақи равғанмолида паҳн мекунанд. Баъди шах шудан онро хурд-хурд бурида бо гӯшт меомезанд ва ба рӯяш мувофиқи табъ мурч ё қаланфур мепошанд. Норин бештар дар байни халқҳои чорводор (қазоқҳо, қирғизҳо) маълум буда, тоҷикони шимол Тоҷикистон низ тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …