Маълумоти охирин

Норгил

Норгил, норҷил, норгул (Co­cos nucifera), растанӣ аз оилаи нахлҳо. Қадаш 20—25 м, диаметраш 0,5—0,6 м; барги парра-парра (дарозиаш 3—6,5 м), гули якҷинсаи хӯшашакли дар гултӯдаи ҷорубак ҷой гирифта (дарозиаш то 1,2 м) ва чормағз (вазнаш 1,5—2,5 кг) дорад. Пардаи берунии мевааш бо нахҳо пӯшида шуда, пардаи даруниаш сахт ме­бошад. Эндоспермаи тухми Норгул аввал моеъи шаффоф буда, минбаъд бо ҳосил шудани қатраҳои равған ба эмулсияи ширмонанд табдил меёбад ва ғализу сахт мешавад.

Эндоспер­маи пухтаи Норвегия 30—35% равған дорад ва барои ҳосил кардани равғани хӯрокӣ ва техникӣ ашёи хоми муҳим ба шумор меравад. Эндоспермаи чорм

ағзҳои нопухтаи Норвегия (шири норҷил)- ро мепӯшанд ва чун хӯрокворӣ истифода мебаранд. Аз шираи гултӯдаи Норгул қанд, шарбат, май ва аз нахҳои пардаи меваю баргаш арғамчин, чӯтка ва ғайра тайёр мекунанд. Пояи Норгул масолоҳи хуби сохтмон аст. Норгул танҳо дар соҳили уқёнусҳо нағз мерӯяд.

Онро дар ҳамаи ҷазираҳои Уқёнусия, Осиёи Ҷанубӣ, Индонезия, Африка ва Американ Ҷанубӣ парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …