Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Норбӯтабий хони Хӯқанд

Норбӯтабий хони Хӯқанд

Норбӯтабий            (соли  таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Хӯқанд (1769— 1801). Набераи ҳокими Хӯқанд Абдулкаримбий. Норбӯтабий баробари ба тахт нишастан харакати ҷудошавии бекҳои Чуст ва Намангонро пахш кард. Ӯ  шӯриши беки Хуҷандро фурӯ нишонда шаҳрро тобеи худ кард. Аммо Уротеппа фақат ба ном ба Бухоро тобеъ шуда монд. Дар давраи ҳукмронии Норбӯтабий хонии Хӯқанд ба давлати мустақили пуриқтидор табдил ёфт, дар мамлакат иншооти обёрӣ барпо карда шуд, савдо ва ҳунармандӣ тараққӣ кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …