Маълумоти охирин

Норак

Норак, обанборест дар Тоҷикистон дар қисми болооби дарёи Вахш. Дар натиҷаи дар дарёи Вахш сохтани обанбори электрии обии Норак ба вуҷуд омадааст. Пур кардани обанбор соли 1972 оғоз ёфт. Масоҳаташ 98 км2, хаҷмаш 10,5 км2, тӯлаш 70 км, бараш то 1 км, ҷуқуриаш ба ҳисоби миёна 107 м. Сатхи оби обанбор дар ҳудуди 53 м тағйир ёфта меистад.

Оби дарёи Вахшро ҷамъ карда, сатҳи оби обанборро ба 300 метр бардоштанд ва обёри намудани қариб 1 миллион гектар заминҳои ҳосилхези даштҳои Қаршию Қизилқум, Данғараю Ёвон ва ғайра имконият дода, шарояти киштигардиро дар поёноби дарёҳои Вахшу Аму беҳтар гардонд. Дар канори ҷануби ғарбии обанбор шаҳри Норак воқеъ гаштааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …