Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нонхӯракҳо

Нонхӯракҳо

Нонхӯракҳо (Blatioptera ё Blattodea), як қатори ҳашаротеро гӯянд, ки давраҳои инкишофашон нопурра мебошад, яъне се фаза (тухм, кирмина ва ҳашароти болиғ ё имаго)- ро дарбар мегирад. Нонхӯракҳо яке аз гурӯҳҳои қадимтарини ҳашарот буда, намояндаи онҳо ҳанӯз дар давраи ангишт зиндагӣ мекарданд. Тани Нонхӯракҳо мусаттаҳ мебошад.

Сари Нонхӯрак ба поён ҳам шудааст. Мӯйлаби дароз доранд. Узвҳои даҳонашон хоянда аст. Пойҳояшон ба тез гаштан мувофиқ шуда­аст. Болҳои пеш зичи дурушт буда, болҳои қафо хеле тунук аст. Боли баъзе Ноухӯракҳои модина бисёр кӯтох шу­дааст, ё ин ки онҳо бол надоранд.

Нонхӯракҳо тухми худро одатан дар капсулаи махсус—ботека, ки аз пардаи хитинӣ иборат аст, мегузоранд. Инкишофи онҳо аз 2—3 моҳ то 3—4 сол давом мекунад. Нонхӯракҳо ҳамахӯранд. Онҳо бештар ҳаёти шабона мегузаронанд. Баъзе намудашон (масалан, нонхӯраки зард — Blattella germanica ва нонхӯ­раки сиёҳ — Blatta orientalis) дар хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои гарм зиндагӣ карда, ашёи чармин ва маҳсулоти хӯрокро вайрон мекунанд.

Дар Осиёи Миёна ва мамлакатҳои Шарқи Наздик нонхӯраки турксттонӣ (Shelsordella tattara)-po низ мансуби организмҳои синантропи (организмҳое, ки ба дараҷаи муайян ба одам алоқа дорад) медонанд. Дар айни замон қариб 3,6 ҳазор намуди Нонхӯракҳо маълуманд. Онҳо асосан дар субтропика ва тропика паҳн шу- даанд.

Дар Тоҷикистон 11 намуди Нонхӯракҳо (Ectobius tadzictis, ниг. расм, Б. subvitreus, Б. pavlovskii, Phyllodromica tarbinskii вa ғайра) зиндагӣ мекунанд.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …