Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нониус

Нониус

Нониус, шкалаи ёрирасонест, ки тавассути он ҳиссаҳои тақсимоти шкалаи асосии асбоби ченкунандаро месанҷанд. Аз номи олими португалӣ Нониус Нувиш (P. Nunes) гирифта шудааст, ки аввалии бор арбоби ба Нониус монандро кор фармуда буд. Тимсоли Нониумҳои замонавиро математики фравсавӣ П. Верве пешниҳод кардааст, аз ҳамин сабаб Нониумро бештар вернер низ меноманд. Нониусҳои хаттбӣ (расм, а), зовиясанҷ (расм, б), спирали, травсверс а л ӣ ва ғайра мавҷуданд.

Истифодаи Нониуси хаттӣ ба фарқи интервалҳои тақсимоти шкалаи асосӣ ва шкалаи ёрирасон асос ёфтааст. Дарозии Нониус (ё худ шумораи бутуни тақсимотҳои oн) расо дар ягон шу­мораи бутуни тақсимотҳои шкалаи асосӣ моғунҷад. Ҳангоми ба ягон тақсимоти L—уми шкалаи асосӣ мувофиқ омадани тақсимоти сифрии Нониус натиҷаи ченкунӣ ба бузургие, ки тақсимоти L—ум иншон медиҳад, мувофиқ аст. Ҳангоми ба L мувофиқ наомадани тақсимоти сифрии Нониус натиҷа аз рӯи формулаи А = L + Ki ҳисоб карда мешавад: ин ҷо К—шу­мораи тақсимотҳои Нониус аз тақсимоти сифрӣ то тақсимотест, ки ба ягон раҳи шкалаи асосӣ мувофиқ аст; i—ҳиссаи хурдтарини тақсимоти шкалаи асосӣ, ки он Нониус чен кардани он мумкин аст (одатан i=0,1; 0,05 ё 0,02 мм). Принсипи кори Нониусҳои з о виясанҷи асбобҳои оптикӣ-механикӣ низ чунин аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …