Маълумоти охирин

Нон

Нон, яке аз таомҳои маъмули инсон. Мувофиқи маълумоти археологӣ тахмин кардан мумкин аст, ки истеъмоли донаҳои растаниҳои хӯшадор ҳанӯз 10—15 ҳазор сол муқаддам cap шудааст. Дар ин давра кашф гардидани оташ ва дасгос, инчунин хамир барои дар рӯи санги тафсон ё дар оташ пухта истеъмол намудани Нон шароит фароҳам овард. Дар Мисри Қадим зиёда аа 30 намуди нонро мепухтанд. Дар Байнаннаҳрайни Қадим ба Нон равған ва асал ҳамроҳ мекарданд. Минбаъд, бо кашфи хамиртуруш (ҳазораи 2 то мелод), оташдон, танӯр ва ғайра усулҳои нави тайёр кардани Нон такомул ёфт. Дар Юнони Қадим ва Рими Қадим мактабҳои махсуси нонвойҳо буданд. Нонҳои аз орди гандум тайёр кардашуда дар таркиби худ 30—35% ,сафеда, 60—70% ангиштоб, витамвни В1, В2, РР, вамаки минералӣ, оҳан, калсий, фосфор ва моддаҳои дигар доранд.

Вобаста ба усулҳои пухтан Нонҳо танӯрӣ, дегӣ, тавотӣ, аз рӯи орд — Нони гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ (зағора), суманак, мушупг, омехта (омехтаи орди гандум, ҷав, нахӯд) ва ғайра мешаванд.

Дар байни халқҳои Осиёи Миёна усулҳои дар танӯр пухтани Нон аз давраҳои қадим маъмул буд. Дар тӯли асрҳо ин усул такомул ёфта, садҳо намуди он кашф шуд. Нони танӯриро эрониҳо, озарбойҷониҳо, афғонҳо, арманиҳо, гурҷиҳо, уйгурҳо, кашмириҳо, панҷобиҳо, туркҳо, булғорҳо, арабҳо, қисман юнониҳо, халқҳои Югославия низ мепазанд. Вобаста ба технологияи пухтанаш Нони обӣ, гиҷда, фатир (норасида, бехамиртуруш), ширмол ва ғайра меша­вад.

Нони обиро асосан аз орди гандум мепазанд, ки хамири он сусттару заволааш хурдтар (то 200 г) мешавад.

Технологияи Нони гиҷда чунин аст: ба оби ширгарм орди гандум, хамиртуруш ва намакоб , андохта хамир мекунанд ва онро то ба карсон ва даст начаспидан мушт мезананд, баъд каме орд пошида, то расидан болояшро бо дастархон ё матои ғафс мепӯшанд. Хамири гиҷ­да бояд сахттар бошад. Баъди раси­дан онро завола гирифта ба танӯри тафсон часпонида ба рӯяш об мепошанд. Нони пухтаро бо остинча ё тоба канда гирифта боз ба рӯяш каме об мепошанд. Пухтани Нон 10—12 дақиқа давом мекунад.

Барои тайёр намудани фа тир ба оби ширгарм б шир орди гандум, намакоб, равған ҳамроҳ кар­да, хамир мекунанд.

Технологияи Нони ш и р м о л мураккаб буда, бо усули махсус пух­та мешавад. Ба оби нахуд каме орд пошида хамирпойгир тайёр мекунанд, ки он 5—6 соат меистад. Сипас онро ба сифати хамиртуруш истифода бурда, хамирро бо шир мемоланд.

Дар баъзе ноҳияҳои ҷануби рес­публика хамирро дар қӯр мепазанд, ки тагиаловӣ ё кумоч ном дорад. Дар маъракаҳо аз орди гандум Нонҳои тунук ва чапотӣ (чавотӣ) ме­пазанд, ки хамири он каме суст ме­шавад. Дар тӯли асрҳо баробари такмил ёфтани технологияи нонпазӣ хелҳои гуногуни Нон ба вуҷуд омаданд. Ҳоло дар байни аҳолии шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва вилоятҳои тоҷикнишини РСС Ӯзбекистон чунин намудҳои Нонро мепазанд: дар водии Фарғона — Нони обӣ, хонагӣ, кулча, ҷаззадор (ҷазин), гӯштӣ, равғанӣ, чапчап, кунҷитӣ, сиёҳдонадор, фатири равғанӣ, фатири қашқарӣ, фатири тӯй, фатири пиёздор, кулчаи ширравған ва ғайра, д а р в и лоятҳ о и С а м а рқ а н д. Бухоро, Қашқадарё ва Сурхондарё — Нонҳои обӣ, заргарон, ҳиндугӣ, тафтонӣ, осиёгӣ, ширмоли дуҷуфт, тафтонӣ дубез,

пулодӣ, ҷазин, равғанӣ, турфон, кулободӣ, забони гов, ширмоли сохта, ширмоли седонапайванд, салавг, давра, нақшин, кунҷитин, лаваш, давра, қашқарӣ ва ғайра; дар районҳои ҷануби Тоҷикистон—кумоч, чапотӣ, кулча, кулчаи калон, кулчаи арӯс, лочура ва ғайра. Ҳоло дар мамлакати мо зиёда аз 800 навъи Нон пухта мешавад. Дар республика баробари зиёд шудани миқдори аҳолӣ ва инкишофи корхонаҳои саноатӣ эҳтиёҷот ба Нон афзуд. Бинобар он, нонвойхонаҳои нав ва заводҳои Нон сохта шуданд, ки онҳо аҳолиро бо намудҳои гувогуни Нон таъмин мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …