Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номзади илм

Номзади илм

Номзади илм, н о м з а д, дараҷаи аввалини илмӣ дар СССР. Ба шахсони дорои маълумоти олӣ дода мешавад, ки минимуми номзадӣ супорида, дар назди умум диссертатсияи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Бо қарори СКХ СССР 13 январи 1934 таъсис гардид. Дараҷаи Номзади илм аз тарафи совети илмии мактабҳои олӣ (факултетҳо) ё муассисаҳои тадқиқоти илмӣ дода мешавад, ки онро ба тарзи назорати диссертатсияҳои номзадӣ Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳам дида мебаро­яд.

Номзади илм ҳқуқу дорад дар конкурс барои гирифтани вазифаи дотсентӣ, ходими калони илмӣ, мудири кафед­ра, лаборатория ва ғайра дар мактабҳои олӣ ё муассисаҳои тадқиқоти илмӣ иштирок кунад ва барои гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳо диссертатсия ҳимоя намояд. Дараҷаи Номзади илм ба дараҷаи доктори фалсафа, ки дар ШМА, Британияи Кабир ва дигар мамлакатҳо вуҷуд дорад, баробар аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …