Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номзад ба аъзоии КПСС

Номзад ба аъзоии КПСС

Номзад ба аъзоии КПСС, мӯҳлате, ки Устави КПСС барои дохил шудан ба партия муқаррар кардааст. Ин мӯҳлат «барои ба хубӣ шиносо шудан бо Программа ва Устави  КПСС ва тайёрӣ барои аъзоии пар­тия шудан лозим аст. Ташкилоти партияви бояд барои дохил шудан ба КПСС ба номзад кӯмак расонад ва сифатҳои шахсии ӯро санҷад (Ус­тави КПСС, 1970, 14). Тартиби номзадиро ба аъзоии партия Устави партия ҷорӣ намуд, ки онро Конференсияи 8-уми умумироссиягии РКП (б) (1919) қабул кард.

Мӯҳлати номзади ба аъзои КПСС барои коргарону деҳқонон на камтар аз 2 моҳ, барои боқимондагон на камтар аз б моҳ му­қаррар шуда буд. Конференсияи 12-уми умумироссиягии РКП (б) (1922) се мӯҳлати номзадиро ба аъзоии КПСС муқаррар намуд: барои коргарон ва аскарони сурх на камтар аз 6 моҳ барои деҳқонон ва ҳунармандоне, қи меҳната дигаронро истисмор намекарданд, 1 сол; барон боци- мондагоп 2 сол. Съезди 14-уми ВКП(б) (1925) мӯҳлати номзадиро ба аъзоии КПСС барои категорияи 2-юм на камтар аз 1 сол, барои категорияи 3-юм на камтар аэ 2 сол муайян намуд. Съезди 17-уми ВКП(б) (1934) мӯҳлати номзадиро барои коргарони саноат, ки на камтар аз 5 сол стажи корӣ доштаанд, 1 сол, барои ҳамаи категорияҳои дигар мӯҳлати 2-сола муқаррар кард. Съёзди 18-уми ВКП (б) (1939) тағйироти куллии таркиби синфии аҳолии мамлакатро ба ҳисоб ги­рифта, ба категория; ҷудо намуданро бекор кард ва мӯҳлати ягонаи 1 солаи номзадиро ба аъзоии КПСС муқаррар намуд.

Тартиби қабул ба номзадӣ монанди ба аъзоии партия қабул кардан аст. Вазифаҳои номзадҳо ба аъзоии партия мисли вазифаҳои аъзоёни партия буда, вале дар маҷлисҳои партиявӣ ҳуқуқи овози машваратӣ доранд ва ба ҳайати органҳои партпиявӣ интихоб намешаванд. Дар муддати номзадӣ онҳо супоришҳои партиявиро иҷро мекунанд ва ба корҳои партиявӣ ҷалб карда мешаванд. Баъди тамом шудани мӯҳлати номзадӣ ташкилоти ибтидоии партиявӣ масъалаи ба аъзоии партия қабул кардани номзадҳоро дида мебарояд ва ҳал мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …