Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номография

Номография

Номография (аз юн. nomos—қонун ва …графия), фасли математика аст, ки назария ва усулҳои амалии сохтани номограммаҳоро меомӯзад.

Хусусияти номограмма аз он иборат аст, ки ҳар як нақша соҳаи додашудаи дигаргуншавии тағйирёбандаро ифода мекунад ва ҳар як қимати тағйирёбандаҳо дар он соҳа дар но­мограмма бо элементи геометрии муайян (нуқта ё хат) тасвир мешавад; тасвири қиматҳои тағйирёбандаҳое, ки ба ҳам вобастагии функсионалӣ доранд, дар номограмма аз рӯи мувофиқати барои як навъи номограм­маҳо (масалан, номограммаи тӯрӣ, номограммаи транспарантӣ) умумӣ муайян карда мешавад.

Дар расм мисоли номограммае оварда шудааст,.ки ба­рои аз рӯи қиматҳои додашудаи ҳак (теғ) а ва  ҳисоб намудаии ау (яке аз кунҷҳои муқаррар кардани ҳаки дастгоҳи металлбурӣ) хизмат меку­над. Вобастагии байни ин бузургиҳо аз рӯи формулаи

муайян карда мешавад  номограмма аз се шкала иборат аст: шкалаи кунҷҳои ау, шкалаи кунҷҳои а ва шкалаи кунҷҳои ф. Нуқтаҳои ҳар як шкала тасвири қиматҳои тағйирёбандаи мувофиқ мебошанд. Номограмма тавре сохта шудааст, ки ифодакунандаи се нуқтаи қиматҳои ау, а ва  ҳамеша дар як хати рост мехобад. Аз ин ҷо бевосита усули ҳисобкунӣ аз рӯи номограм­ма бармеояд: барон ҳисоб кардани аy, дар шкалаҳои а ва  нуқтаҳои ба қиматҳои додашудаи а ва  мувофиқро ёфтан ва аз ин ду нуқта хати рост гузарондан лозим. Ин хати рост дар шкалаи ау аз нуқтае мегузарад, ки ба қимати матлуби ау мувофиқ меояд. Дар номограммаи овардашуда хати рости пунктирии нуқтаҳои ба қиматҳои а = 7,5° ва  = 4° мувофиқи шкалаҳои а ва  -ро ба ҳам мепайвандад. Аз рӯи номограмма аён аст, ки ау = 62 °.

Номограммаҳо аз рӯи усули тасвирӣ тағйирёбандаҳо ва тарзи додашудани мувофиқати онҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Ад.: Глаголев Н. А.. Курс номо­графии, 2 изд., М., 1961.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …