Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номинализм

Номинализм

Номинализм (лот. nominalis — мансуб ба номҳо, номдор, аз nomen— ном), ҷараёни фалсафаи асримиёнагӣ, ки мафҳумҳои умумиро фақат маҳсули номи предметҳои алоҳида медонист. Номинализм таърихи қадим дорад. Антисфен ва Диогени Синопӣ ҳамчун мухолифони Афлотун намояндагони Номинализм буданд. Дар ибтидои асрҳои миёна Номинализм чун эътироз бар зидди минтиқаи маънавии навафлотуния пайдо шудааст.

Бар хилофи реализми асримиёнагӣ Номинализм танҳо мавҷудияти ашёи алоҳидаи дорои хосияти фардиро эътироф намуда, мафҳумҳои умумиро маҳсули ашёи алоҳида ме­донист. Ин ақида Номинализмро бо тамоюли материалистии якумин будани ҳастӣ ва дуюмин будани шуур алоқаманд кардааст. Маркс Номинализмро нахустин шакли зуҳури материализм номидааст. В. И. Ленин муборизаи Номинализми асримиёнагӣ ва реализмро ба муборизаи байни материализм ва идеализм ташбеҳ додааст.

Ифодаи хосияти реалии ашьё будани умумӣ ва бе ҷузъ вуҷуд дошта натавонистани куллро номиналистон фаҳмида наметавонистанд. Номинализм ба таъкиби калисо нигоҳ накарда, дар фалсафаи антропологӣ (Генрих Гентский), психологи (А. де Серешал), мантик (У. Оккам, Ж. Буридан), дар давраи Эҳё бошад, дар шакли сенсуалӣ (материалистон — Т. Гоббс, Ҷ. Локк ва идеалистон — Ҷ. Беркли ва Д. Юм) ҷараён ёфтааст. Номинализм дар шароити имрӯза дар фалсафаи семантиқӣ ннтишор меёбад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …