Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Номии Самарқандӣ

Номии Самарқандӣ

Номии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Замони таълифи тазкираи Малехои Самарқанди (1688) Номии Самарқандӣ 80 сол дошта, дар шеъру шоирӣ шӯҳрат ёфта будааст. Зоҳираи ӯ бештар бо мутоиботаш писанди муосирон шудааст.

Зеро Мале­ҳои Самарқандӣ аз девони ашъори Номии Самарқандӣ ёдовар шуда, «латоифу зароиф ва мутойибот»-и онро махсусан таъкид кардааст. Аз эҷодиёти Номии Самарқандӣ намунаҳои хеле кам ба воситаи тазкира ва баёзҳо то замони мо расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …