Маълумоти охирин

Номии Баҳқарӣ

Номии Баҳқарӣ Мирмуҳаммад Маъсум ибни Мирсайид Сафоии Тирмизӣ (соли таваллудаш номаълум, Баҳкари Ҳиндустон — вафоташ 1610, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Номии Баҳқарӣ баъд аз сари падараш ба Кангрӣ омада, илм меомӯзад. Номии Баҳқарӣ дар илму шоирӣ шӯҳрат ёфта, ба хизмати Акбаршоҳ даромад. Соли 1603 Номии Баҳқарӣ аз тарафи Акбаршоҳ ба сафорати Эрон маъмур гардид. Шоҳ Аббоси Сафавӣ (1567—1620) ӯро бо худ ба Табрез бурд. Номии Баҳқарӣ соли 1604 баъди адои вазифа ҳамроҳи Итобии Такаллу ба Ҳиндустон баргашт.

Дар замони ҳукмронии Ҷахонгир (1605—1627) ба унвони «аминулмулк» соҳиб шу­да, ба зодгоҳаш рафт ва то охири умр он ҷо монд. Номии Баҳқарӣ «Хамса» навпштааст, ки он маснавиҳои зеринро дар бар мегирад: «Маъдан-ул-афкор» дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»; «Ҳусну ноз» дар баҳри «Хисрав ва Ши­рин»; «Рой ва Сурат» дар баҳри «Лайлӣ ва Маҷнун»; «Акбарнома» дар баҳри «Искандарнома» ва «Хамсаи мутаҳайира». Ба ғайр аз ин Номии Баҳқарӣ ду девони ғазалиёт, як девони «Рубоиёт», китобҳои «Таърихи Синд» ва «Муфрадоти Маъсуми» дорад.

Ад.: Ас а дуллоев С., «Лайли и Меджнун» в фарсиязычной литературе (Биобиблиографический обзор). Д., 1981.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …