Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нометаллҳо

Нометаллҳо

Нометаллҳо, элементҳои химиявие, ки хосияти металли надоранд. Истилоҳи «металлоидҳо», ки баъзан барои ифодаи Нометаллҳо кор мефармоянд аз байн рафтааст. Ба Нометаллҳо 22 элемети мансуб аст: гидроген, нитроген, оксиген, фтор, хлор, газҳои инертӣ, бром, бор, карбон, силитсий, фосфор, сулфур, арсен, селен, теллур, йод ва астат. Атоми Нометаллҳо электрон пайваст карда анионҳои содда (С1—, О2—) ё мураккаб (СlO—4, SO24, РО34) ҳосил мекунанд.

Дар системаи даврии элементҳои Менделеев электроманфияти Нометаллҳо дар ка тор аз металлҳои ишқорӣ ба тарафи рост ва дар гуруӯҳ аз поён ба боло меафзояд. Нометаллҳо бо оксиген оксидҳои кислотагӣ—ангидриди кислотаҳо ҳосил менамоянд. Пайвастҳои соддаи гидрогении Нометаллҳо дар шароити мӯътадил моддаҳои газианд. Дар вақти бо ҳамдигар пайваст шудан (масалан, ClF, ICI, CS2 ва ғайра) банди ковалентӣ, ҳангоми бо металлҳо пайваст шудан (масалан, КСl, MgO, А1Вr3 ва ғайра) банди ионӣ ҳосил мекунанд. Нометаллҳо дар хоҷагии қишлоқ аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …