Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номенклатура

Номенклатура

Номенклатура (лот. nomenclatura—номгӯй, рӯихати номҳо), 1) система (маҷмӯъ)-и номҳо, истилоҳотест, ки дар ягон соҳаи илму техни­ка истифода мешавад. Номенклатураҳои зерин мавҷуданд: Номенклатураҳои химиявӣ Номенклатура дар ботаникаю зоология ва микробиология, Номенклатураҳои анатомӣ (ба тартиб даровардани номҳои лотинии объектҳои анатомӣ дар ҳайвонот барои дар ҳамаи мамлакатҳо як хел истифода бурдани онҳо), Номенклатуи бемориҳо ва классификатсияи онҳо (дар асоси шаклҳои нозологӣ; ниг. Нозология), Номенклатура дар ҳисобу китоби бухгалтерӣ (мундариҷа ва номи ҳар як ҳуҷҷати пули вобаста ба ҷой таъиноташ нишон дода ме­шавад) ва ғайра; 2) системаи аломатҳои абстрактӣ ва ғайришартӣ, ки истифодаи онҳо дар амалия барои ишораи предметни хеле қулай аст.

Номенклатураи химиявӣ — системаи (маҷмӯъ)-и номҳои моддаҳои химиявӣ. Аввалин Номенклатураи химиявӣ, ки химикони франсавӣ бо роҳбарии A. Л. Лавуазье соли 1787 тартиб доданд, дар асоси назарияи оксигенӣ сохта шуда буд. Ин Номенклатура дар аввали асри 19 барои ба вуҷуд омадани як қатор номенклатураҳои миллӣ асос рузошт. Номенклатураи химивии ҳозира ба Номенклатураҳои пайвастҳои ноорганикӣ ва органики тақсим мешавад.

Мафҳуми асосии Номенклатураи п а й в а с т ҳ о и н о о р г а н и к и и русиро химикони нимаи якуми асри 19 (Г. И. Гесс бо кормандонаш, В. М. Севергин ва дигар) ба вуҷуд оварданд. Ин Номенклатура баъди тарафи Д. И. Менделеев (1861, 1869) аз нав кор карда шудан, то солҳои 1930, яъне то вақте ки химикони советӣ истифодаи номҳои байналхалқии аз забони халқҳои Евро­паи Ғарбӣ баромадаро афзалтар донистанд, истифода мешуд. Дар адабиёти химиявии тоҷикӣ Н байналхалқӣ (НБ), ки асоси онро решаи номҳои лотинии элемевтҳо ташкил медиҳанд, қабул шудааст. Масалан, гидр. — гидроген (bydrogenium), карб.— карбон ((carboneum), окс.— оксиген (oxygenium) ва ғайра.

Номи радикалҳоро аз решаи номи лотинии элементҳо ва суффикси -ил (масалан, карбонил — СО, гидроксил — ОН) тартиб медиҳанд; номҳои таърихӣ (масалан, аммоний — NH4, сиан — CN, родан — GNS ва ғайра) бошад, бетағйир мемонанд.

Номи пайвастҳои ковалевтии қутбнок ё ионие, ки аз атомҳои ду эле­мент ҳосил шудаанд, аз номи ҳар ду элемент гирифта мешавад; дар ин бобат номи элементи электроманфиро ба ҷои аввал гузошта ба он суф­фикси -ид ҳамроҳ мекунанд ва баъд элементи электромусбатро ном мегиранд. Macалан, NaCl —хлориди натрий, KI — иодиди калий, CuS — сулфиди мис ва ғайра. Дараҷаи оксидшавии эле­менти электромусбат бо раҷами римӣ дар қавсайн нишон дода мешавад. Macалан, TLS—сулфиди титан (II), TiS2— сулфиди титан (IV) ва ғайра.

Пайвастҳои элемент бо оксиген оксидҳо номида мешаванд. Агар эле­мент бо оксиген ду ё якчанд оксид ҳосил кунад, он гоҳ дараҷаи оксидшавии онро бо рақами римӣ дар қавсайн нишон медиҳанд. Macалан, FeO — оксиди оҳан (II), Fе2Оз — оксяди оҳан (III), СО —оксиди карбон (II), СО — оксиди карбон (IV), S02 — ок­сиди сулфур (IV), SO3 — оксиди сулфур (VI) ва ғайра. Пайвастҳое, ки дар онҳо атомҳои оксиген байни худ ва бо элементи бештар электромусбат пайваст шудаанд (масалан, Н—О—О—Н), пероксидҳо ном доранд.

Номи пайвастҳои гидрогении нометаллҳо, ки маҳлули обиашон хосияти кислотагӣ доранд, аз решаи номи лотинии элементи дуюм бо суффик­си -ид ва калимаи «гидроген» тартиб дода мешавад. Macалан, H2S — сулфиди гидроген, НСL — хлориди гидроген. Номи баъзе пайвастҳои ба инҳо монанд (масалан, Н2O — об, NH3 — аммиак, РНз — фосфин, AsH3 — арсин, ВН3 — боран, СН4 — метай, SiH4 — силан ва ғайра.) бетағйир мемонанд.

Номи кислотаҳои оксигендор аэ калимаи «кислота», бандаки изофии «и» ва решаи номи лотинии элемен­ти кислотаҳосилкунанда бо суффик­си -ат (барои дараҷаи баланди ок­сидшавии элементи кислотаҳосилкунанда) ё -ит (барои дараҷаи пасти оксидшавии элементи кислотаҳосил­кунанда) тартиб дода мешавад. Масалан, H2SO4 — кислотаи сулфат, H2S03 — кислотаи сулфит. Агар шумораи кислотаҳое, ки элемент ҳосил мекунад, аз ду зиёд бошад, он гоҳ номи ани­оне, ки дар он элемент дорои дара­ҷаи баландтарини оксидшавӣ аст, бо префикси -вер ва суффкси -ат, дараҷаҳои минбаъдаи оксидшавии он аз рӯи камшавиашон бо суффиксҳои -ат, -ит ва дар охир бо префикси гипо ва суффкси -ат нишон дода ме­шавад. Macалан, НСlO4 — кислотаи пер­хлорат, НсlO3 — кислотаи хлорат, НClO2—кислотаи хлорит, НClO—кислотап гипохлорит.

Пайвастҳое, ки аз атомҳои металл ва гурӯҳи гидроксил ҳосил шудаанд, гидроксидҳо номида мешаванд. Агар металл ду ё якчанд гидроксид ҳосил кунад, он гоҳ дараҷаи оксидшавии металлро бо рақами рими дар қавсайн ё префиксҳое, ки аа шумораи юнонӣ гирифта шудаанд, нишон до­да мешаванд. Macалан, Fe(OH)j— гидроксиди оҳан (II) ё дигидроксиди оҳан, Fe(OH)3 —гидроксиди оҳан (III) ё три (се) — гидроксиди оҳан.

Ҳангоми номбар кардани намакҳои оксигендор аввал номи анион (дар ҳамон шакле, ки дар кислотаҳо номбар шудааст) ва баъд номи ка­ти онро талаффуз мекунанд. Масалан, NH4NO3—нитрати аммоний, NaClO4— перхлорати натрий ва ғайра. Ба номи аниони намакҳои турш сарчаспаки гпдро- (масалан, НСО3 —гидрокарбонат) ва катиони намакҳои асоси сарчаспатк гидроксо- (масалан, (MgOH)4SO4 сулфати гидроксомагний) илова ме­шавад.

Номенклатураи пайвастҳои органикӣ маҷмӯи принсипу усулҳои тартиб додани номи пайвастҳои органикиро нишон медиҳад. Дар таърихи тараққиёти химияи органики Номенклатураҳои зерин ҷой доштанд: эпирӣ (тривиалӣ), ратсионалӣ, женевагӣ (Женева, 1892), лежӣ (Леж, 1930) ва JUPAC (Иттифоқи байналхалқии химияи назариявӣ ва амалӣ).

Номенклатураи эмпирӣ номи тасодуфии пайвастҳои органикист, ки одатан манбаи табии, хосияти моддаҳо ё но­ми кошифони аввалини онҳоро нишон медиҳад (масалан, кислотаи мӯрча, ҷавҳари лиму ва ғайра). Ингуна номҳо дар баъзе ҳолатҳо то алҳол истифо­да мешаванд, масалан, асетон, кислотаи асетат ва ғайра.

Номенклатураи ратсионалӣ сохти пайвасти органикиро акс менамояд. Барои номбар кардани модда сараъзои қатори гомологиро чун асос қабул кар­да, ба гомологҳои боқимондаи қатор ва изомерҳои онҳо чун ҳосилаи он ном медиҳанд:

Номенклатураи ратсионалӣ тахти унвони «радикалию функсионалӣ» қисми таркибии Номенклатураи пайвастҳои органикӣ — қоидаҳои JUPAC, ки солҳои 50—60 асри 20 қабул карда шудааст — гардид. Дигар қисми таркибии он қоидаҳои Номенклатураии ҷ о й г и р ӣ аст, ки натиҷаи инкишофи минбаъдаи Номенклатураҳои жене­вагӣ ва лежӣ мебошад. Мувофиқи Номенклаиураи ҷойгирӣ асоси номи пайвасти органикиро шумораи юнонии адади атомҳои карбон, ки ба силсилаи дарозтарин рост меояд ва гурӯҳҳои функсионалии асосӣ (функсия, ниг. ҷадвал) ташкил медиҳанд. Радикалҳои иловагӣ, бандҳои каратӣ ва функсияҳои дигарро бо ёрии capчаспак ва суффиксҳо нишон медиҳанд. Адади онҳоро бо шумора (ди-, три-, тетра- ва ғайра.), ҷояшонро бо номери атоми карбони (атоми карбоне, ки радикал ё функсияҳо дар он ҷойгир шудаанд) силсилаи дарозтарин, характери бандҳои карбонро бо суффиксҳои -ан (карбогидриди сер), -ен (банди дучанда), -ин (банди сечанда), силсилаҳои паҳлӯиро бо номи радикалҳои мувофиқ ва гурғҳҳои функсионал пробо суффиксхои -ол (спиртҳо), -он (кеггонҳо), -ал (алде- гидҳо) ва ғайра ишора мекунанд. Ба ҳамаи атомҳои карбони силсилаи дарозтарин (аз нӯге, ки силсилаи паҳлӯи ё банди каратӣ ва ё дигар гу­рӯҳҳои асосӣ ба он наздиканд) рақами тартибӣ гузошта мешавад (тартиби гузоштан дар ҷадвал бо рақамҳои римӣ нишон дода шудааст). Аз рӯи баёни мазкур пайвастҳои дар боло овардашуда номҳои зеринро мегиранд: 2,2-диметилбутан (I); бутен-2 (II); бутанол-2 (III); 4-фенилбутен-З-он-2 (IV); кислотаи 3-фенил-2 метилпропанат (V).

Дар номи пайвастҳое, ки якчанд функсияи гуногун доранд, функсияи асосиро бо суффикс, гурӯҳҳои боқимондаро чун силсилаи паҳлӯи (радикал) бо сарчаспак ишора мекунанд:

Аз рӯи қоидаҳои мазкур номи пайвастҳои сиклӣ (алисиклӣ, ароматӣ, гетеросиклӣ), элементоорганикӣ, стереоизомерҳо ва ғайраро низ тартиб медиҳанд. Дар ин бобат аксар Номенклатураииявазкунанда (а-помевкулатура)-ро истифода мебаранд, ки мувофиқи он атомҳои ғайрикарбонии силсиларо бо решаи номи лотинии онҳо ишора мекунанд, масалан,

Номенклатура дар ботаника, зоология ва микробиология, системаи номҳои илмии гурӯҳҳои таксономӣ— таксонҳо; ягонагӣ ва собитии номҳои илмии ҳаивонот, растаниҳо ва микроорганизмҳоро таъмин менамояд. Номенклатураи ботаники ва зоологи аз корҳои классиқии К. Линней (миёнаи асри 18), ки аввалин шуда Номенклатураи бинарӣ (дучанда)-и намудҳоро истифода бурдааст, ибтидо мегирад. Мувофиқи он калимаи якум номи ҷинс ва дуюм но­ми намудро (масалан, бунафшаи атри — Viola odorata; бузи хоҷагӣ — Сарга nircus) ифода мекуиад. Номи категорияҳои систематикии аз намуд ка­лон (ҷинс, қатор, оила ва ғайра) аз як калима (номи униномиалӣ иборатанд. Дар зоология бо се калима ифода кардани ном (номи триномиалӣ), ки калимаи сеюм номи зернамудро нишон медиҳад, низ расм шудааст (масалан, барои тӯронӣ — Pantera tigris luranica). Ба ҳамаи таксонҳо номи лотинӣ медиҳанд,

Азбаски растаниҳои боӯӣ хусусияти ба худ хос (бисёр будани навъи онҳо) доранд, барои номбар кардани онҳо «Кодекси байналхалқӣ» қабул карда шудааст. Чунин кодекс барои бактерия ва микроорганизмҳои дигар низ мавҷуд аст.

Физиология, биохимия ва дигар илмҳои биологӣ низ Номенклатураи худро доранд, ки барои ба моддаҳои фаъоли биоло­гӣ, масалан, ферментҳо, ном додан исти­фода мешавад.

Ад.: Международный кодекс номен­клатуры для культурных растений 1961, М.—Л., 1064; Майр Э., Принципы зо­ологической систематики, М., 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …