Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номаи иҷроия

Номаи иҷроия

Номаи иҷроия, дар СССР навъи хуҷҷати иҷро. Ҳуҷҷатҳои идораи нотариалӣ, ки талаби ситопидани пул ё супоридани ашёи дигарро тасдиқ намуда, зарурати ба суд ё арбитраж муроҷиат намуданро истисно мекунад. Феҳристи ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи онҳо дар асоси номаи иҷрояи маҷбуран ситонида гприфтан мумкин бошад, бо қарори ҳукумати республикаи иттифоқии дахлдор тасдиқ ме­шавад.

Номаи иҷроияро дар ҳар як идораи нотариалӣ тасдиқ кардан мумкин аст. Но­тариус ӯҳдадор аст мувофиқи рӯй­хати тасдиқ ва пешниҳодгашта ҳуҷҷатҳоеро, ки асоснокии даъворо исбот мекушанд, тафтиш намояд. Номаи иҷроия ба шарте дода мешавад, ки аз рӯи саршавии мӯҳлати даъво 1 сол нагузашта бошад. Агар барои иҷрои даъ­во мӯҳлати кӯтох муқаррар гардад (камтар аз 1 сол), Номаи иҷроия танҳо дар ҳамин муддат дода мешавад. Баробари ба итмом расидани мӯҳлати муқарраркардаи қонун Номаи иҷроия дода намешавад. Дар чунин ҳолат зарурати ба воситаи суд ё арбитраж ситондан ба миён меояд. Агар идораи нотариалӣ иҷрои Номаи иҷроияро рад кунад, аз болои он ба суди халқӣ шикоят кардан мум­кин аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …