Маълумоти охирин

Ном

Ном дар мантиқ, ифодаи за­бон, ки ашё (номи хусусӣ ё фарди) ё гурӯҳи ашёро мефаҳмонад; дар ин маврид ашё ба маънои васеаш фаҳмида мешавад. Дар қатори Номҳои хусуси Номҳи предметҳои алоҳида («Пушкин», муаллифи «Тита Андро­ника») ва Номи гурӯҳҳоро (масалан, «инсоният» ҳамчун номи хусусии ҳамаи гурӯҳи одамон) фарқ кардан мумкин аст. Номҳои оддӣ ё муқаррарӣ ва Номҳои мураккабро фарқ мекунанд (Номҳои «инсоният» — содда, Номи «инсонияти ҳозиразамон»— мураккаб).

Номҳо ва муносибати ба онҳо алоқамандро семантикаи мантиқӣ меомӯзад. Дар он алалхусус ба Номи сегонаи семантикӣ — муноси­бати байни се объект: Номи, маънои Ном ва ифодакунанда тадқиқ мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …