Маълумоти охирин

Ном

Ном (аз юн. nomos — вилоят, ок­руг), округҳои маъмурӣ дар Мисри Қадим (мисрӣ — с е п а т). Ҳар як Ном маркази сиёсӣ ва динӣ, қӯшун, герб ва худои ҳомии худро дошт. Маъмурияти Ном ба номарх итоат мекард. Миқдори Ном ва ҳудуди онҳо доимӣ набуданд.

Дар рӯйхати Подшоҳии Қадим (асрҳои 28—23 то м.), дар маъбадҳои фиръаниҳо Снофру ва Неусерра (сулолаҳои IV ва V) 37 Ном номбар шудааст (22 дар Мисри Боло ва 15 дар Мисри Поён). 42 худое, ки дар суди Осирис ҳузур доштанд, ба 42 Номи Подшоҳии нав (тақрибан 1580 — тақрибан 1070 то м.) мувофиқат мекунанд. Шумораи анъанавии 42 (баъзан 44) Ном дар рӯйхати Мисри тобеи Юнону Рим тақсимоти маъмурии мамлакатро ба воҳидҳои маъмурии нав округҳои шаҳрҳо айнан инъикос намекард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …