Маълумоти охирин

Ноқус

Ноқус зангӯлан калони нокмонандеро гӯянд, ки маъмулан аз биринҷӣ сохта мешавад. Дар дохилаш кӯба дорад, ки дар натиҷаи ба девори Ноқус задан овози баланд мебарояд. Аз миёнаи асри 9 дар Россия занги ноқус барои гузарондани маросимҳои калисо чизи зарурӣ гардид. Барои Ноқус зангулахонаҳои махсус сохта мешуданд. Асрҳои 4—6 дар Европа Ноқусҳои нисбатан калон пайдо шуданд. Ноқусҳои калонтарин дар Россия, аз ҷумла «Шохноқус» (Царь- колокол, дар Кремли Москва) сохта шудаапд. Шакли хурди онро з а н г у л а ё худ ҷ а р а с гӯянд, ки бар гардани чорпоён мебанданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …