Маълумоти охирин

Нок

Нок. Муруд, амруд, куммасро (Pyrus), ҷинси дарахти мевадорест аз оилаи настараниҳо; меваи маъмул. Баландиаш 15-20 м. Танааш ашҳабии тиратоб, чӯбаш зардча, каме гулобӣ ё сафед, навдаи яксола ва муғчааш сермӯяк ё патдор, баргаш гуногуншакл (аз мудаввар то нештаршакл) ё нармонанди чок-чок, хӯшагулаш 6—20-гула, ранги гулаш са­фед ё каме гулобии 5 (баъзан 6— 10)-баргаш дуҷинса, ғӯракаш 2 — 5-палла (ҳар кадом 2-той тухммуғча дорад). Шакл, ранг ва таъми мевааш хеле гуногун аст; вазнаш аз 25 то 300 г.

Дар дунё 60 ва дар СССР зиёда аз 30 намуди Нок мерӯяд. Дар Тоҷикистон 7 намуди Нок месабзад. 4 намудаш худрӯй (муруди хирсак Р. regelii, анҷирак ё шакинг — P. bucharica, каён — P. cajon ва мурудP. tadshikistanica ва 3 намудаш (Ноки муқаррарӣ, шакармуруд — P. pyrifo- lia, турунҷ — P. ussuriensis) аз қадимулайём парвариш карда мешавад. Дар давоми солҳои дуру дароз аз намудҳои номбурда навъҳои гуногуни амруду Ноки маҳаллӣ (дилафӯзэ, гирдакмуруд, кампирмуруд, кулухмуруд, кулӯланок, кабуднок, каён, пошпотӣ, олмуруд, сафедмуруд, соҳибмуруд, туршмуруд, шоҳмуруд, фусайнимуруд, яхакмуруд, шӯрпок, ноки рарзӣ, ноки ғармӣ, наимнок ва ғайра)-ро руёндаанд. Ҳоло дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ва СССР махсусан Ноки муқаррарӣ маъмул аст.

Ноки муқаррарӣ (P.communis) дарахтест баландиаш то 20 м. Бар­гаш мудаввар ё дарозрӯяи дандонадор, гулаш сап-сафед ё гулобӣ, хӯшагулаш 6—12-гула. Шакл ва андозаи мевааш гуногун аст.

Дар Юнони Қадим Ноқро 2 ҳазор сол муқаддам парвариш мекарданд. Ҳо­ло дар дунё 900—950 ҳазор га нокзор буда, соле бештар аз 6 млн т (дар Европа зиёда аз 3,6 млн, дар Амери­ка қариб 1 млн т, дар Осиё зиёда аз 600 ҳазор т) ҳосил меғундоранд. Ноҳияҳои асосии нокпарварин СССР:

Крам, Украина, Молдавия, Кавкаэн Шпмолй, Закавкааия, Белоруссия ва Осиёи Миёна. Бештар аз 250 ҳазор га нокзор (зиёда аз 20 млн бех) буда, дар хонагиҳои пешқадам 120—130 с/гa (ба ҳисоби миёна дар СССР 50 с/га) ҳосил меғундоранд. 5 ҳазор навъи Нок маълум аст. Зиёда аз 200 навъи онро дар СССР парвариш мекунанд. Аксари навъҳои европоии Нокро аз намуди P. communis рӯёндаанд. Ва­ле барои рӯёндани ин навъҳо намудҳои дигари Нок (P. nivalis, Р. са- ucasica, P. ussuriensis) низ истифода шудаанд.

Аз навъҳои европоии Нок дар шароити Тоҷикистон «Любимица Клапп», «Бон Кретьен Вильямс», «Пайна», «Сеянец Киффера», «Бере Боек», «Лесная красавица», «Сен Жермен», «Кюре» «Оливье де Серр» ҳосили хуб медиҳанд. Аз Нок мураббо, шарбат, компот, мармелад, повидло, моқут, май ва ғайра тайёр мекунанд. Нок меваи маъмул аст. Бештар барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Дар таркибаш 5—16% қанд, то 1% ҷавҳар, 3,51% пектин, 0,3%’ сафеда, витаминҳои А, В, С, РР дорад.

Тасвир дар саҳ. 96—97.

Ад.: Қосимов М., Навъҳои маҳаллии муруду нокҳо, Д., 1971; Флора Тад­жикской ССР, т. 4, Л., 1975; В е х о в В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР, М., 1978.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …