Маълумоти охирин

Ноҷии Дарвозӣ

Ноҷии Дарвозӣ  Аҳмадхоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар деҳаи Кеврони Қалъаихум ба дунё омада, дар асри 19 ва аввали асри 20 умр ба cap бурдааст. Дар «Тазкират-уш-шуароимутааххирин»-и Абдӣ ва маҷм. «Афғонистон» (Кобул, 1955) Ноҷии Дарвозӣ ҳамчун шахси донишманду дорои табъи баланди шоирӣ тавсиф гардидааст.

Ашъори боқимондаи Ноҷии Дарвозӣ (1246 байт) асосан дар баёзи рақами 819 захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Баёзи мазкур ба дасти худи шоир китобат шудааст. Ноҷии Дарвозӣ шеърҳои ишқӣ ва ҳасбиҳолие дорад, ки дар онҳо аз нодориву мӯҳтоҷӣ шиква кардааст. Муламмаъҳо (ширу шакар) ба ӯзбекию шуғнонӣ гуфтааст. Инчунин баъзе шеърҳояш ба лаҳқаи хоси мардумп Дарвоз суруда шудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …