Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ношияи РУШОН

Ношияи РУШОН

РУШОН, райони маъмурии ВМКБ. 27 октябри 1932 ташкил ёфтааст. 4 январи 1963 бо райони Ванҷ муттаҳид карда шуда, 5 январи 1965 аз нав райони мустақил гардид. Масоҳаташ 5870,7 км2. Аҳолиаш 10900 нафар (1981), тоҷикон. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 2,9 нафар. Масофа аз район то шаҳри Хоруғ 64 км, то шаҳри Душанбе 432 км. Район 7 Совети қишлоқ дорад: Бартанг, Басид, Баҳррушон, Пастхуф, Рушон, Савноб ва Шидз. Маркази район — посёлкаи Рушон.

1254
Территорияи район дар Помири Ғарбӣ, дар водии дарёи Бартанг воқеъ гаштааст. Релефаш кӯҳист. Рушонро аз Шимол кӯҳҳои Язгулом (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Вудор, 6139 м), аз Шарқ қисмҳои ғарбии қаторкӯҳҳои Музқул ва Аличури Шимолӣ (баландиашон то 5929 м, қӯҳи Кулин), аз Ҷануб қаторкӯҳи Ру¬шон (нуқтаи баландаш қ. Патхор, 0080 м), аз Ғарб водии дарёи Панҷ (2000м) иҳота кардаанд. Дарёи калонтарини район — Бартанг, шохобҳои коло¬ни он Равмеддара ,Бардара (аз ҷануб). Қисми ғарбии кӯли Сарез дар территорияи pайони Рушон воқеъ гаштааст. Оби дарё
қисман барои обёрии заминҳо истифода мешавад. Стансияи электрии обие, ки дар назди деҳаи Шуҷанд сохта шудааст, ба марказӣ район ва деҳаҳои атроф қувваи электр медиҳад. Иқлими район—континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ —5, —10°С, июл 20—25°С. Миқдори боришоти солона 200—500 мм. Хоки заминҳо— биёбонии минтақаи баландкӯҳ ва хокистарранги тираи минтақаи бешадашт. Хоки дарёбоду атрофи кӯлҳо — марғзори. Дар ҳудуди район аз дарахтони мевадор себ, зардолу, чормағз, тут, санҷид, олую олуболу, токи ангур, аз дарахтони бемева бед, ар-ар, аз алафҳо явшон, типчоқ, хор, болиштак, геша ва ғайра мерӯянд. Дар Рушон аз ҳайвонот бештар гург, рӯбоҳ, шерпаланг, бузи кӯҳӣ, заргӯш, аз паррандаҳо мурғи ҳилол, уқоб, кабк, гунҷишк, зоғ ва аз хазандаҳо мору калтакалос вомехӯранд.
Соҳаи асосии хоҷагии район чорводорӣ ва тамокукорӣ, инчунин ғаллакорӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка), боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва кирмакдорист. Соли 1983 район 4 совхоз дошт: «50-солагии Октябр» (марказаш Баҳррушон), «Интернатсионал» (Бар¬танг), «Рушон» (Рушон), «Бартанг» (Савноб). Майдопӯни умумии заминҳои обй 2533 га, аз ҳамин ҳисоб заминҳои кишт 2091 га (1983). Аз ҷумла, майдони ғалла 361 га, зироати хӯроки чорво 1415 га, тамоку 290 га, боғи мева 154 га. Саршумори чорвои район (1983, ба ҳисоби cap): гов —3831, гӯсфанду буз —15834, парранда (мурғ) —1284. Соли 1983 район ба давлат 216,4 т гӯшт, 527 т шир, 71 ҳазор дона тухм, 169 с пашм, 001 т тамоку, 139 т картошка, 168 т сабзавот ва 41 т пилла фурӯхт. Дар район комбинати хизмати маишӣ, матбаа, идораҳои ҷамъияти матлубот, хоҷагии об ва участкаи истифодабарии роҳ, шӯъбаи алоқа, меҳмонхона, кассаи амонатӣ, стадион, нонвойхона ва магазинҳои хӯрокворию молҳои саноатӣ мавҷуданд.
Соли хониши 1983-1984 район 12 мактаби миёна, 13 мактаби 8-сола, 11 мактаби ибтидоӣ, мактаби спортӣ, мактаби мусиқӣ ва мактаби рассомӣ дошт. Дар район инчунин 22 клуб, 32 китобхона, .5 хонои маданият, театри халқӣ, кинотеатрҳои тобистонаю зимистона, 17 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, стансияи санитарию эпи-демиологӣ, 1 дорухона, 22 пункти тиббӣ, поликлиника, касалхона ва 5 боғчаю яслии кӯдакон ҳаст (1984). Нақлиёти район автомобилӣ ва ҳавоист (аэродром дар канори посёлкаи Рушон). Газетаи районӣ — «Овози дӯстӣ» (аз 25 сентябри 1949 нашр мешавад).
У. Шарифов, О. Ғоибназаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …