Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳиябандии зилзила

Ноҳиябандии зилзила

Ноҳиябандии зилзила, муай­ян кардани баллнокии мавзеъҳои зилзилахеэ, ҳудуди минтақаҳои баллнокии онҳо ва даври такрори зилзила дар ин ноҳияҳост. Харитан Ноҳиябандии зилзила дар асоси комплексона мстифода бурдани маълумотҳои сейс­мологӣ (тақсимоти фазоии манбаъҳои зилзила ва зуҳуроти лаппишҳо дар сатҳи замин, магнитуда ва ё энергияи зилзила, такрор ёфтани онҳо дар макону замон, сохти умқии қаъри замин ва ғайра), геологӣ (текто­ника ва неотсктоника, ларзиши кафидаҳо ва гуногунии навтарин ҳаракатҳои тектоники) ва геофизикӣ (сохти қабатҳои болоии қишри за­мин ва мантияи болоии он, градиенти майдонҳои геофизики, ҳаракатҳои ҳозиразамон ва монанди инҳо) тартиб дода мешавад.

Дар харитаи Ноҳиябандии зилзила ноҳияҳои серзилзилае нишон дода мешаванд, ки шарту шароити заминашов мутавассит бошанд. Ба ин қабил заминҳо хок, хоки регдор ва реги нишаста, ки дар онҳо умки обҳои зеризаминӣ бештар аз 9 м., инчунин заминҳои шағалсангу кафадасанги умқи обҳои заминиашон 6— 40 м мебошанд, мансубанд.

Бо мақсади муайян кардани баллнокии маҳалҳое, ки барои сохтмони биноҳо ё худ шаҳрҳо ҷудо кар­да мешаванд, шарту шароити заминии он (хосиятҳои физикӣ ва динамикии қабатҳои замин, релефи маҳал, хусусиятҳои спектрии лаипишҳо, сатхи обҳои заминӣ ва ғайра)-ро ба ҳисоб мегиранд. Ин қисмати корро микроноҳиябандии зилзила мено­манд.

Солҳои охир дар соҳаи Ноҳиябандии зилзила мафҳуми ба ном ноҳиябандии дақиқи зилзила ба миён омад, ки байни Ноҳияҳои зилзила ва микроноҳиябандии зилзила баъзе масъалаҳоро ҳал менамояд. Ноҳиябандии дақиқи зилзиларо ода­тан дар мавзеъҳое мегузаронанд, ки барои сохтмони иншоотҳои бузурги гидротехники (масалан, ноҳияи ГЭС-и Норак ва Роғун) интихоб карда ме­шаванд. Дар он баллнокии ноҳия, вобаста ба шароитҳои конкретии гео­логӣ, акселерограмма (сабти тезшавии лаппишҳои сейсмикӣ), велисограмма (сабти суръати лаодашхои сейсмикӣ), сейсмограммаи маҳалро муоина мекунанд, мавҷудияти кафидаҳои хурду калонро ошкор менамоянд, хомӯш шудани латтишҳои зилзила, механизми манбаи зилзила, паҳноиши зилзиларо дар умқи за­мин ва дигар масъалаҳоро меомӯзанд.

Харитаи Ноҳиябандии зилзила одатан дар масштаб­ҳои 1:1000 000, 1:2500000, харитаи ноҳиябандии дақиқи зилзила дар масштабҳои 1:20000, 1: 40000, харитаи микроноҳиябандии зилзила дар масштабҳои 1: 10000, 1: 25000 тартиб дода мешавад. Чунин харитаҳоро дар сохтани бинову иншоот чун норматив истифода мебаранд. 28,6%-и тамоми территорияи мамлакатамонро ноҳияҳои зилзилахез ташкил медиҳанд. Аз онҳо 2,4%-аш ноҳияҳои нӯҳбалла ва 3,2%-аш ноҳияҳои ҳаштбалла мебошанд. Дар СССР Камчатка, ҷазираҳои Курил, Прибайкалия, Осиёи Ма­ёна ноҳияҳои бештар зилзилахезанд. Ноҳияҳои Кавказ, Қрим, Молдавия ва серзилзила мебошанд.

Харитаи Ноҳиябандии зилзилаи Осиёи Миёна, аз ҷумла территорияи Тоҷикистонро соли 1933 ге­ологи маъруфи советӣ Д. И. Мушке­тов тартиб дода буд. Дар ҷараёни ғун кардани маълумотҳои сейсмоло­гӣ ва геологӣ геологи советӣ Г. П. Горшков солҳои 1940, 1949 ва 1951 вариантҳои гуногуни харитаҳои Ноҳиябандии зилзила Осиёи Миёнаро тартиб дод, ки онҳо барои сохтмони иншоотҳои саноатию гражданӣ чун норматив истифода мешуданд. Сонитар харитаи Ноҳиябандии зилзилаи Осиёи Миёна таҳти роҳбарии С. В. Медведев (1957), алалхусус Ноҳиябандии зилзилаи территорияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии В. Н. Гайский, В. М. Рейман, А. П. Каток (1963) тартиб дода шуданд. Соли 1975 аз тарафи коллективи калони муаллифон таҳти роҳбарии академик М. А. Садовский харитаи нави нормативии Ноҳиябандии зилзилаи СССР кашида шуд.

Геолог ва сейсмологҳои тоҷик А. М. Бобоев, Г. В. Котлаков ва К. М. Мирзоев соли 1978 харитаи нави Ноҳиябандии зилзилаи Тоҷикистонро тартиб доданд. Фарқи ин харита аз харитаҳои мавҷудан Ноҳиябандии зилзила дар он аст, ки дар зонаҳои зилзилахез, шарту шароитҳои миқдории маълумотҳои сейсмологи, геологӣ ва геофизики ва такроршавии зилзила дар структураҳои конкретии зилзилахез нишон дода шудаанд. Дар ин харита ба ҷуз ноҳияҳои 7, 8 ва 9- балла, инчунин се категорияи зил­зила нишон дода шудааст, ки мувофиқан дар 30—300, 300—3000 ва 3000—30000 сол зилзила як маротиба такрор ёфта метавонад. Муаллифони асари мазкур барои ин тадқиқоти навин сазовори лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино гардиданд. Харитаи Ноҳиябандии ззилзила ниг. мақолаи Зилзила.

Ад: Сейсмическое районирование СССР М.. 1968; Строительство в сейсмиче­ских районах. Нормы и проектировании, М.. <970; Бабаев А. М. Гва диг.1, Сейсмическое районирование Таджикис­тана. Д.. 1978.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …