Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ноҳиябандии иқтисодии

Ноҳиябандии иқтисодии

Ноҳиябандии иқтисодии, ҷудо кардани ноҳияҳои иқтисодии мамлакат аст, ки аз рӯи тақсимоти территориявию ҷамъиятии меҳнат ташкил ёфтаанд. Дар шароити сотсиа­лизм Ноҳиябандии иқтисодии аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардида олоти зарурии баплангирии территорияи хоҷагии халқ, шарти муҳимми такмил додани ташкили территориявии қувваҳои истеҳсолкунанда ва идоракунии иқтисодиёт ба шумор меравад.

Ноҳиябандии иқтисодӣ усули таъсирбахши хоҷагидорӣ, омили мухимми дуруст вобаста намудани банлангирии территориявӣ бо қоидаҳои идоракунии соҳавӣ, таъмии кардани ҷойгиркунонии оқилонаи қувваҳои истеҳсолӣ, махсусгардонӣ ва тараққиёти комнлекси хоҷагии ноҳияҳои иқтисодӣ барои ҳарҷониба баланд бардоштани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. Ниг. низ Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …