Нодирхоҷаи Азизон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 16 тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Санъати мусиқиро аз падараш Хоҷамқули Азизони Андхӯй омӯхтааст. Дар ибтидо навохтани ной, рубоб, танбур ва дойраро аз худ карда, зимни ин дар сурудани таронаҳои марсияви истеъдоди баланд доштааст. Дар назарияи мусиқӣ рисолае тасниф карда, дар назди аҳли мусиқӣ эътибори калон пайдо мекунад. Асарҳои зиёде тасниф кардааст. Махсусан «Нақши Азизон», «Рехтаи мавлавӣ» дар Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати зиёд доштааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФАРНОМА
САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …