Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодирпур Нодир

Нодирпур Нодир

Нодирпур Нодир (таваллудаш 1929, Теҳрон), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1948 барои идомаи таҳсил ба Франсия рафт. Се сол дар Париж ба омӯхтани адабиёти франсавӣ машғул буд. Соли 1951 ба ватанаш баргашт ва минбаъд дар Вазорати фарҳанг ва ҳунар кор кард. Солҳои 1965—1968 дар Франсия ва Италия иқомат дошт. Ашъораш аз ибтидои солҳои 50 чоп мешавад ва қисми зиёди он дар маҷмааҳои «Чашмҳо ва дастҳо» (1953), «Духтари ҷом» (1955), «Шеъ­ри ангур» (1958), «Сурмаи хуршед» (1960), «Баргузидаи шеърҳои Нодири Нодирпур» (1970), «Гиёҳу санг, на оташ» (1971} гирд омадааст.

Шеърҳояш бештар дар журнали адабию бадеии «Сухан» чоп шудаанд. Аз пайравони Нимо Юшиҷ ва назариётчиёни «шеъри нав» ба шумор меравад. Бештари шеърҳояш дар шаклҳои арӯзи озод ва андаке дар қолабҳои анъанавӣ (ғазал, маснавӣ, қитъа) навишта шудаанд. Шеърҳои сафед ва озод низ гуфтааст. Доираи мавзӯъҳои ашъори Нодирпур ниҳоят васеъ бошад ҳам, мавқеи асосиро дар эҷо­диёти ӯ лирикаи фалсафи ишғол ме­кунад. Дар ин гуна шеърҳо Нодирпур ба дарки шоиронаву файласуфонаи воқеияти имрӯз, дунёи маънавии муосирони худ, муносибатҳои инсону табиат, асрори ҳастӣ ва ғайра кушидааст («Дуое дар жарфнои шаб», «Оҳувона», «Парвоз» ва ғайра). Дар қисме аз осори Нодирпур таъсири адабиёти франсавӣ  ҳис карда мешавад.

Махсусан дар шеърҳое («Эй дарахти бенаво», «Нигоҳи ошиқона ба дарахт», «Барф ва хуршёд» ва ғайра), ки шопр ба ифодаи ҳисси таборӣ бо табиат пардохтааст, таъсири устоди шеър мансури франсавӣ Франсис Понж (таваллудаш 1899), ки шиори асосии эҷодиёташ аз «бастани пайванди бародарӣ байни инсону табиат» (М. Ваксмахер, Фран­цузская литература наших дней, М., 1967, с. 154) иборат аст, ҳис мешавад. Ашъори Нодирпур ба эътибори бадеияти баланди худ мавриди тақлиду пайравии бисёре аз муосиронаш қарор гирифтааст. Намунаҳои шеърҳояш дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Дар симпозиуми шеъри форси, ки соли 1967 дар Душанбе баргузор гардид, иштирок дошт. Нишопур доир ба «шеъри нав», эҷодиёти Нимо, Эраҷ Мирзо ва масъалаҳои назарияи шеър мақолоти зиёд дорад.

Ад.: Кляшторина В. Б., «Новая поэзия» в Иране, М., 1975.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …