Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нодирмуҳаммади Самарқандӣ

Нодирмуҳаммади Самарқандӣ

Нодирмуҳаммади Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввири асрҳои 16— 17 тоҷик. Нодирмуҳаммади Самарқандӣ дар Самарқанд таваллуд ёфта, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва мусаввириро аз худ кард. Аз Муҳаммадмуроди Самарқандӣ минётурнигориро омӯхта, дар тазйину ороиши девонҳои Саъдию Хофиз, асарҳои Ҷомӣ иштирок намуд. Чун дар пайкарнигорӣ (портреткашӣ) ба дараҷаи устоди баркамол расид, рӯҳониёни Самарқанд ба муқобили ӯ ва ҳамкоронаш шӯриданд ва Нодирмуҳаммади Самарқандӣ маҷ­бур шуд ба Ҳиндустон ҳиҷрат кунад.

Дар Деҳлӣ то охири умр зиндагӣ карда, дар дарбори Темуриёни Ҳинд вазифаи дабириро ба ҷо овард. Нодирмуҳаммади Самарқандӣ дар Ҳиндустон дар пайкарнигорӣ шӯҳрати зиёд пайдо карда, якчанд асар офарид. Аз ҷумла портретҳои Бобур, Акбар ва Аврангзеб аз асарҳои бехтарини он замон ба шумор меравапд. Ӯ дар тасвири манзараҳои табиат, разму базм ва ӯайра низ устод буд. Нодирмуҳаммади Самарқандӣ дар сиёҳналамкашӣ (гра­фика) аз мусаввирони ҳиндӣ якчанд шогирд тарбия кардааст: Даствантх, Ром, Дос, Сури Гуҷароти ва дигарон. Дар ин давра дар санъати тасвирии Ҳин­дустон (мактаби минётури Темуриё­ни ҳинд) ривоҷ ёфтани жанри сиёҳқалами бо номи Нодирмуҳаммади Самарқандӣ алоқаманд аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …