Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нодирмуҳаммад

Нодирмуҳаммад

Нодирмуҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои сулолаи Аштархониён, вориси Имомкулихон. С.оли 1642—1645 ҳукм рондааст. Соли 1645 қазоқҳо ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, то Хуҷанд омадаанд. Нодирмуҳаммад барои зада пеш кардани онҳо бо сардории писараш Абдулазиз лашкар мефиристад. Дар Хуҷанд Абдулазизро хон эълон мекунанд. Нодирмуҳаммад аз ин ҳол огоҳ шуда, ба Балх меравад ва Абдулазизхон ба Бухоро медарояд.

Нодирмуҳаммад аз ҳокими Ҳиндустон Шоҳиҷаҳон (1627—1658) ёрӣ металабад. Шоҳиҷаҳон аз ин истифода бурда вилояти Балхро забт карданӣ мешавад, бо сардории писаронаш Муродбахш ва Аврангзеб ба он ҷо қушун мефиристад. Нодирмуҳаммад дар ин ҷанг шикаст хурда ба Эрони Ғарбӣ, ба назди Шоҳ Аббоси II (1642—67) фирор мекунад ва дуюним сол дар он ҷо мемонад. Соли 1647 қушунҳои Шоқиҷаҳон Балхро забт карда, ду сол дар он ҷо соҳибӣ мекунанд. Абдулазизхон бар зидди қушунҳои Шохиҷаҳон лашкар мекашад ва онҳоро маҷбур месозад, ки ба Ҳиндустон баргарданд ва Балхро ба Нодирмуҳаммад, ки аз Эрон даъват шуда буд, диҳанд. Ин воқеа писарони Нодирмуҳаммудро ба ташвиш андохт ва онҳо бар зидди падар муттаҳид шуданд. Абдулазиз­хон бародараш Субҳонқулихонро ҳокими Балх (1651) таъин кард. Нодирмуҳаммад ба сӯи Макка равон мешавад ва дар роҳ вафот мекунад.

Ад.: История таджикского народа, т. 2, кн. 2, 1964.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …