Главная / Маданият ва санъат / Нодира Моҳларойим

Нодира Моҳларойим

Нодира (тахаллусаш; номаш Моҳларойим; 1792, Андиҷон —1842, Хӯҷанд), шоираи ӯзбеку тоҷик. Аз оилаи ашроф. Завҷаи Умархони Амирӣ (1809—1922). Ба ӯзбекӣ ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Шеърҳои тоҷикиашро бо тахаллуси «Макнуна» ё «Комила» менавишт. Баъд аз вафоти Умархон писари 14-солаи ӯ Муҳаммадалихон ба тахт нишаст. Лекин давлатро асосан Нодира идора мекард. Ӯ барои ривоҷи маданияту санъат кӯшиш кард. Ба дарбори худ шоирон, олимон ва аҳли ҳунарро гирд оварда, бозорҳо, масҷидҳо, корвонсаройҳо ва мадрасаҳои нав бино намуд.

Соли 1842 амири Бухоро Насруллоҳ ба Хӯҷанд ҳуҷум карда, Нодира ва писарони ӯро ба қатл расонд. Ашъори Нодира ки дар пайравии устодони шеъри форс-тоҷик ва ӯзбек эҷод шудаанд, дорои мазмуни иҷтимоӣ ва бадеияти баланд аст. Девони мукаммали Нодира дар Музеи давлатии ба номи Алишери Навоии АФ РСС Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Дар фонди Институти шарқшиносии АФ Ӯзбекистон боз як девони Нодира нигоҳ дошта мешавад, ки аз 333 ғазал иборат буда, бо тахаллуси «Макнуна» навишта шудааст. 10 ҳазор мисраъ шеърҳои лирикии шоира то ба мо расидааст. Зебоӣ, муҳаббати самими, ғаму ғӯссаи рӯзгор, орзӯҳо умеди занон мавзӯи эҷодиёти шоира аст. Нодира фазилати олитарини инсонро дар вафодорӣ мебинад.

Ос.: Девон. Д., 1967; Асарлар, 2 ҷилд, Тошкент, 1971.

Ад.: Каюмов А., Қӯнон адабий муҳити, Тошкент, 1965; Нодира в а М., Нодара. Ҳаёти ва ижоди, Тошкент, 1965.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …