Маълумоти охирин

Нодими Ҳисорӣ

Нодими Ҳисорӣ (Соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Чанд муддат дар Ҳиндустон ҳам иқомат дошт. Нодими Ҳисорӣ шоири қаландарваше буда, умри худро бо сайру саёдат гузаронидааст. Малҳдои Самарқандӣ хабар медиҳад, ки Нодими Ҳисорӣ ба камбағалону бенавоён таваҷҷӯҳи зиёд дошт, ҳамеша бо эшон буд, барояшон шеър мегуфт, дар он чи аз пулу моли дунё ба даст меовард, ба ондҳ тақдим мекард. Аз ин рӯ дар шеъри ӯ тасвир ёфтани зиндагии душвори фақирон ва умеду орзуи онҳо як ҳодисаи табиӣ менамояд. Чигунагии осор ва миқдори ашъори шоир маълум нест. Аз осори ӯ дар тазкираи Малеҳо танҳо як ғазал оварда шудааст.  

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …