Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ноболиғон дар ҳуқуқ

Ноболиғон дар ҳуқуқ

Ноболиғон дар ҳуқуқ, шахсони ҳанӯз ба камол нарасида. Гражданҳои синнашон ба 18 расидаи СССР Шахсони болиғ дониста мешаванд.

Мавқеи ҳуқуқии Ноболиғон аз рӯи хусусиятҳои фарқкунандаи синну солашон (таҷрибаи кофии зиндагӣ надоштан, пурра сарфаҳм нарафтан ба баъзе воқеаҳо, нафаҳмидани оқибати кори худ ва ғайра) муайян карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо талаботи қонунии Ноболиғонро падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда (васиён, парасторон, намояндагони қонуни) ба ӯҳда мегиранд. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои Ноболиғон ба зиммаи органҳои давлатӣ (комиссияи оид ба корҳои ноболиғон, прокуратура, органҳои васояту парасторӣ ва ғайра) гузошта шудааст.

Ҳуқуқи гражданин н о б олиғон. Ноболиғон (аз 15 то 18-сола) ҳуқуқ доранд, ки бо розигии падару модарон (ба фарзанди қабулкардагон) ё васиён аҳдҳо банданд, ба музди кор ё стипендияи худ мустақилона ихтиёрдорӣ кунанд, муаллифи асарҳо, ихтироот ва таклифҳои ратсионализатории (навоварии) худ бошанд, кашфиётҳои худро мустақилона ба ҳаёт гузаронанд, ба муассисаҳои кре­дитӣ амонат гузоранд ва ба oн ихтиёрдорӣ кунанд ва ғайра (моддаи 13 КГ PCС Тоҷикистон). Дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ органҳои дахлдор, Ноболиғонро (15 то 18-сола) аз ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ба музди кору стипен­дия маҳрум карда метавонанд. Аҳдҳоро аз номи Ноболиғони то 15-сола падару модарон (ба фарзандӣ қабулкардагон) ё васиён мебанданд. Аҳде, ки Ноболиғони то 15-сола мебанданд, эътибор надорад.

Бе розигии падару модар, ба фарзандӣ қабулкардагон, васиёну парасторон аҳди бастаи Ноболиғони аз 15 ю 18-соларо суд бекор карда метавонад. Мувофиқи қонун Ноболиғон ва болиғон аз чиҳати муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ баробарҳуқуқ мебошанд ва дар соҳаи муҳофизати меҳнат, вақти кор, гирифтану истифода бурдани отпускҳо имтиёзҳо доранд. Ноболиғон аз синни 16-солагӣ, пас аз муоинаи тиббӣ, ба кор қабул карда мешававд. Ба тариқи истисно ва бо розигии КМФЗ шахсони синнашон ба 15 расидаро ба кор қабул кардан мумкин аст. Ноболиғонро дар корҳои вазнин, шароити меҳнатнаш зарарноку хавфнок, корҳои зеризаминӣ истифода бурдан мумкин нест. Ба Ноболиғон бардоштан ва кашондани чизҳои вазнине, ки вазнашон аз нормаҳои муқаррарӣ зиёд мебошад, манъ аст. Музди кори Ноболиғон бо миқдори муайяни гурӯҳҳои дахлдор, барои корҳои муздашон корбаиъ аз руп пархдои корбайъ дода мешавад. Нормаи кории коргарҷавонони ноболиғ (шахсоне, ки мактабҳои касбию техникӣ, маълумоти умумиро хатм карданд ё бо усули шогирдӣ касб омӯхтанд) мувофиқи қонунҳои ҷорӣ муқаррар карда мешавад.

Ба корҳои шабона ва зиёда аз вақти кор ҷалб кардани Ноболиғон манъ аст. Дар рӯзҳои истироҳат низ ба кор ҷалб намудани Ноболиғон мумкин нест. Ба Ноболиғон отпускҳои дарсола дар фасли тобистон ё мувофиқи хоҳишашон дар дар вақти сол дода мешавад. Дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳо барои ба кор ва таълими истеҳсолӣ қабул кардани Ноболиғоне, ки мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва техникиро тамом кардаанд, брол (ҷой) муқаррар карда мешавад. Маъмурият мувофиқи қоидаҳои умумии озод кардан аз кор [бо розигии комиссияи районии (шаҳрии) оид ба корҳои Ноболиғон] ҳуқуқ дорад, ки Ноболиғонро аз кор холӣ кунад. Бастан ва аз эътибор соқиту бекор кардани ҳаргуна шартномаи меҳнатӣ бо Ноболиғон мумкин аст.

Ҷ а в о б г а р и и Ноболиғон Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ (моддаи 10 КҶ PCС Тоҷикистон) шахсоне, ки пеш аз содир кардани ҷиноят ба синни 16 расидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Шахсоне, ки дар синни аз 14 то 16-солагӣ ҷиноят содир кардаанд, фақат барои одамкушӣ (моддаи 104— 109 КҶ РСС Тоҷикистон), қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, ки боиси вайрон шудани саломатӣ гардидааст (моддаи 111—114; 115 қ. 1 ), барои таҷовуз ба номус (моддаи 121), дуздии молу мулкӣ миқдораш махсусан калон (модаи 96), роҳзанӣ (моддаи 94, 156), дуздӣ (моддаи 89, 154), ғоратгарӣ (моддаи 90, 155), авбошии ашаддӣ (моддаи 220 қ. 2 ва 3), қасдан несту нобуд кардан ё зарар расонидан ба молу мулки давлатӣ, ҷамънятӣ ё молу мулки шахсни гражданинҳо, ки боиси рӯй доданн оқибатҳои вазнин шудааст (моддаи 99 қ. 2, моддаи 161 қисми 2), дуздидани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда (моддаҳои 233), дуздидани моддаҳои нашъаовар (моддаи 240), инчунин барои қасдан содир намудани ҳаракатҳое, ки боиси фалокати поезд шуда метавонанд (моддаи 84), ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида меша­ванд. Нисбат ба Ноболиғоне, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, ҷазои қатл, б а д а р ғ а, (ба ҷои муайян ва аз чоп муайян) татбиқ карда намешавад ва онҳоро аз 10 сол ва бештар аз озодӣ маҳрум кар­дан мумкин нест. Агар ҷинояти Ноболиғон барои ҷамъият хавфи калон надошта бошад ва онро бидуни ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ кардан мумкин бошад, суд ҳуқуқ дорад нисбат ба вай чораҳои маҷбурии тарбиявӣ бубинад, ин ҷазои ҷиноятӣ ҳисоб намешавад. Шахсоне, ки Ноболиғонро ба майнӯшӣ, нашъакашӣ ва ғайра водор мекунанд, барои Ноболиғон қасдан алимент намедиҳанд ва ғайра ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. КПСС ва Ҳукумати Советӣ дар ҳакки Ноболиғон ҳеҷ нува ёриро дареғ намедорад.

Ад.: Низомномаи комиссияҳои оид ба корҳои ноболиғон. Д., 1074; Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон, Д., 1975; Кодекси гражданин РСС Тоҷикистон, Д.,1964; Кодекси РСС Тоҷикистон оид ба меҳнат, Д., 1973.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …