Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нобилитет

Нобилитет

Нобилитет (аз лот. nobilitas — ашроф), дар Республикаи Рим доираи маҳдуди оилаҳои патритсий ва плебенҳои ашроф, ки то ибтидои асри 3 то мелод ташаккул ёфтаанд. Мувофиқи анъана намояндагони Нобелтет ба мансабҳои олии давлатӣ соҳиб шуда метавонистанд. Ҳуқуқи номаҳдуди онҳо дар ишғол кардани мансабҳои олии давлатӣ сабаби он шуд, ки «одами нав» ба вазифаи консулӣ дар амал соҳиб шуда наметавонист.

Нобилитет давомдиҳандаи анъанаҳои сиёсии республикаи ашрофои буд, вале аз байни онҳо сиёсатчиёни оппозитсионӣ низ мебаромаданд. Қариб ҳамаи доҳиёни ба ном демократияи Рим ба Нобилитет мансуб буданд. Нобилитет дар давраи империя аҳамияти пештараашро гум кард. Ҳанӯз муаллифони Қадим Нобилтетро бар хилофи «халқ», «авом», ба маънои васеътар «ашрофон» меномиданд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …