Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нобиғаи 3убиёнӣ

Нобиғаи 3убиёнӣ

Нобиғаи 3убиёнӣ (тақрибан 535—604), шоири араб. Дар оилаи яке аз номварони қабилаи Зубиён ба дунё омадааст. Нобиғаи 3убиёнӣ дар таърихи адабиёти араб аз асосгузорояи назми дарборӣ шинохта шудааст. Дар қасоидаш шуҷоату карами ҳукмронони давр Амр ибни Ҳинд ва Нуъмонро васф кардааст. Тавассути ҳикоятҳои пандомӯз, ки дар қасидаҳояш овардааст, шоир ҳокимонро ба адолат ва раиятпарварӣ даъват мекунад. Нобиғаи 3убиёнӣ инчунин яке аз асосгузорони лирикаи сиёсӣ дар назми араб аст. Чанде аз қасоиди ӯ дар шакли панду насиҳати сиёсӣ гуфта шудаанд. Вай қабилаҳои ҳамҷавори худро ба сулҳу сафо, бас кардани Ҷангу ҷадол, муқаддас донистани иттифоқу аҳду паймон даъват мекунад.

Муттафиқии қабилаҳо ба ақидаи Нобоғаи 3убёнӣ асоси ғалаба бар душмани пурзӯр аст. Қасидаҳои Нобиғаи 3убиёнӣ аз қисматҳои маъмулӣ иборат мебошанд. Аз санъатҳои бадеӣ — ташбеҳу истиора, талмеҳ, муболиға ва ғайраро фаровон истифода кардааст. Абёти Нобиғаи 3убиёнӣ, ки ба васфи табиату биёбони Арабистон, тасвири муҳорибаҳо бахшида шудаанд, ӯро дар байни қасидасароёни араб шӯҳратманд гардонидаанд. Як воситаи услубии Нобиғаи 3убиёнӣ дар он аст, ки ӯ мамдӯҳи зиндаро мурда пиндошта, васфи корнома караму саховати ӯро бо ғаму андӯҳи зиёд ба қа­лам медиҳад. Нобиғаи 3убиёнӣ муаллака низ гуфтааст. Ба эҷодиёти Нобиғаи 3убиёнӣ шоирони қасидасарои араб Абӯтаммом Ҳа­биб, Буҳтурӣ, Мутаннабӣ ва дигарон пайравӣ кардаанд.

Ад.: Литература Бостона в средние века, ч. 2, М., 1970; Фнльштинский И. М.. Арабская литература в средние века. Словесное искусство арабов в древ­ности и раннем средневековье. М.. 1977.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …