Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нҷамена

Нҷамена

Нҷамена (NDjamena; то 1973 Форт^Лами), пойтахти Республи­каи Чад. Дар соҳили рости дарёи Шари ҷойгир шудааст. Иқлимаш экватории муссонӣ. Ҳарорат миёнаи январ 23,9° Селсия, июл 27,7 Селсия. Боришоти солона 648 миллиметр. Аҳолиаш 193 ҳазор нафар (1979). Нҷамена— бондари дарёӣ, узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ аҳамияти байналхалҷӣ дорад.

Пункти асосии тиҷорат ва нақлиёт (ба хориҷа пахта ва маҳсулоти чорво мебарорад). Дар шаҳр корхонаҳои хӯрокворӣ (саллоххона, истеҳсоли равғанҳои маска ва растанӣ). пой- афзолдӯзӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Университет (аз 1971). Мактаби миллии кадрҳои маъмурӣ, Институти зоотехника ва ветеринария, Институти миллии фанҳои гуманитарӣ. Институти чорводорӣ ва ветеринарии мамлакатҳои тропикӣ, Институти пахтакорӣ ва Музеи миллӣ дорад.

Нҷаменаро охири асри 19 франсавиҳо ҳамчун маркази маъмурии территорияҳои дар Африкаи Марказӣ будаи худ бунёд карда, Форт-Лами номиданд. То соли 1958 маркази мустамликаи Франсавии Чад; солҳои 1958—60 пойтахти Республикаи Автономии Чад ва аз соли 1960 — пойтахти Республикаи Чад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …