Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Низомулмулк Абӯалӣ Ҳасан

Низомулмулк Абӯалӣ Ҳасан

Низомулмулк Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ (1017 деҳаи Радакони вилояти Тӯси Хуросон —15. 10. 1092), вазири султонҳои Эрон Алпарслон ва Маликшоҳ Салчуқиён соли 1040 Ғазнавиёнро аз салтанати Эрон танг кар­да баровардавд. Дар ин давра Низомулмулк вазири султони Хуросон Алпарслон мешавад (1059); Дар замони фаъолпя­ти ӯ дар ҳамаи шаҳрҳои калони Эрон мактабҳо кушода мешаванд. Аз 15 марти 1079 тақвими нав, ки онро Низомулмулк тартиб дода, ба он дӯсти айёми ҷавонии Низомулмулк шоир ва олими машҳур Умари Хайём тасҳеҳ дароварда буд, қабул шуд.

Ин тақвимро дар Европа Папа Григорий 13 танҳо соли 1582 ҷорӣ намуд. Баъди вафоти Алпарслон (1073) эътибори Низомулмулк афзуд, зеро вориси Алпарслон — Маликшоҳ ҳанӯз ҷавон буд. Вале соли 1090 Низомулмулк дар натиҷаи фитнагарии маҳрами нави султон Тоҷулмулук ва бадхоҳии зани Маликшоҳ Турконхотун аз вазифа дур ва 15 октябри 1092 кушта шуд. Ҷа­сади Низомулмулк дар Исфаҳон дафн шудааст. Низомулмулк пеш аз қатлаш асари худ «Сиёсатнома»-ро навишт, ки он аз усули давлатдорӣ баҳс мекунад. Низомулмулк дар ин китоб ба сифати давлатҳои мутамаркази танзимёфта давлатҳои Сомониён, Аббосиён ва Ғазнавиёнро зикр мекунад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …