Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомуддини Астарободӣ

Низомуддини Астарободӣ

Низомуддини Астарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум) ; шоири охири асри 15 — аввали асри 16. Дар Ҳирот рӯз гузаронида, ба Ҳусайни Бойқаро, Алишери Навоӣ ва амиру ҳокимони дигар қасидаҳо бахшидааст. Навоӣ дар «Маҷолис-ун- нафоис» ба қасидаҳои Низомуддини Астарободӣ, махсусан ба як қасидаи «Баҳория»-и ӯ баҳои баланд додааст. Девони Низомуддини Астарободӣ, ки қасоид, муқаттаот, марсияҳо ва дигар навъҳои шеъриро дарбар мегирад (китобаташ 1586), то замонн мо расидааст. Шеърҳои Низомудинни Астарободӣ равону фасеҳанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …