Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомии Ганҷавӣ

Низомии Ганҷавӣ

Низомии Ганҷавӣ Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф (1141, шаҳри Ганҷа, хҳзира Кировободи Озарбойҷон — 1209, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккири озарбойҷонӣ, яке аз устодони мусаллами шеъри форсӣ. Тамоми осорашро ба форсӣ навшитааст. Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Бармаҳал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш афтод. Зиндагии Низомии Ганҷавӣ баъди сари падар вазнин буд; бо шоҳибофӣ рӯз мегузаронд. Ӯ аз илмҳои замонаш — фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофия, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохта, дар байни аҳли адаб  эътироф пайдо кар­да буд.

Низомии Ганҷавии тамоми умр дар Ганҷа зиста, аз шоирони замон бо Хоқонии Шервонӣ дӯстӣ дошт. Асари машҳури ӯ «Хамса» аз панҷ маснавии калон иборатаст: «Махзан-ул- асрор»  (1173—1180), «Хисрав ва Ши­рин» (1180—1181), «Лайлӣ ва Маҷнун» (хатм 24 сентябри 1188), «Ҳафт пайкар» (хатм 31 июни 1197), «Искандарнома» (1199—1201), ки ду қисм дорад: «Шарафнома» ва «Иқболнома». Аз девони ашъори Низомии Ганҷавӣ, ки ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дорои 20 ҳазор байт будааст. ғазалҳову муқаттаоти пароканда боқӣ мондааст. Маснавии аввалини « Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Махзан-ул-асрор» достони ахлоқии фалсафист, ки обуранги суфиёна до­рад. Низомии Ганҷавӣ ин достонро ҳамчун назира ба маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ гуфтааст. Вале Низомии Ганҷавӣ қолаби маъмулии назиранависиро шикаста, маснавии худро дар баҳри нав — сареъ навишт (маснавии Са­ноӣ дар баҳри ҳафиф иншо шудааст),  ки пас аз ӯ ин вазн дар достоннависӣ маъмул гардид. Шоир равиши тоза ва мазмуни нави ин асарро дар аввали маснавӣ махсусан таъкид мекунад. «Махзан-ул-асрор» аз муқаддимаи муфассал ва 20 мақола иборат буда, масъалаҳои муҳимми иҷятимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиро дарбар мегирад.

Барои исботи фикр, баёни мақсад зимни ҳар як боб Низомии Ганҷавӣ ҳикиоятҳо овардааст, ки гарчанде аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз анъа наҳои замони феодалӣ орӣ нестанд, ба ҳимояи ҳуқуқи аҳли меҳнат ва бар зидди зулми золимон равона шудаапд. Дар ин маснавӣ Низомии Ганҷавӣ баръакси шоирони дарбор, ки дар асарҳояшон калимаву ибораҳои вазнину камистеъмолро истифода мебурданд, ба забони серобуранг ва мақолу масалҳои халқӣ рӯ овардааст. Маснавии «Хисрав ва Ширин» асари романтики буда, аз ишқи Хисрави шоҳзода ва Ширини соҳибҷамол ҳикоят мекунад. Ин дос­тон ба номи Шамсуддпн Муҳаммад Чаҳонпаҳлавон Илдигиз — ҳукмрони Ганҷа (1174—1186) назм шудааст. Аммо дар хотимаи достон номи Туғрул ибни Арслон (1177—1194) ва номи Қи­зил.

Арслон (1185—1191)—ҳукмронони салчуқӣ низ ёдоварӣ мешавад. Шоир ин достонро чандин бор таҳрир ва такмил кардааст. Сюжети «Хисраву Ширин» дар китобҳои «Ал-маҳосин в-ал-аздод»-и Ҷоҳиз, «Шоҳнома»-и Саолибӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нақл ёфтааст. Ин қисса дар замони Низомии Ганҷавӣ дар фолклори халқҳои Эрону Озарбонҷон низ интишор ёфта буд. Ин достон, ки аз 6500 байт иборат аст, ба се қисм тақсим мешавад. 1) Муқаддимаи анъанавӣ, ки бобҳои дар ҳамди худову наъти пайғамбар, ёдоварии султоне, ки достон ба ӯ бахшида шудааст ва сабаби назми дос­тонро дарбар мегирад. 2) Қиссаи муошақати Хисраву Ширин ва воқеаҳои сиёсию иҷтимоие, ки ба Хис­рав алоқаманд аст. 3) Хотима. Дар ин қисм бобҳое дохил шудаанд, ки хусусияти пандуахлоқӣ ва ҳасбиҳолӣ доранд.

Инчунин пеши подшоҳе, ки китоб ба ӯ бахишда шудааст, Низомии Ганҷавӣ арзу ниёзи худро мебарад. Баъзе бобҳои «Хотима» ,аз масъалаҳои динии фалсафӣ баҳс мекунанд. Қаҳрамонони асосии достон Хисрав, Ширин ва Фарҳод мебошанд. Хисрав ҷавони солиму хубрӯй бошад ҳам, рафтори ношоиста зоҳир менамояд; ӯ дар ҷавонӣ ҳангоми саёҳат ба айшу нӯш дода шуда, бо рикобиёнаш киштзори деҳқонеро хароб карда, аз падараш Хурмуз ҷазо дид; ӯ аз ӯҳдаи давлатдорӣ ҳам набаромад; ба муқобили исёнгарон бо сарварии Баҳроми Чӯбина истодагарӣ карда натавонист, кишварро тарк гуфт, ба ишқбозӣ машғул шуд; ба фармони Ширин эътибор надод, ба назди қайсари Рум рафт, бо шарти ба духтари ӯ хонадор шудан аз вай лашкар ва ёрии моддӣ гирифт; бо қувваи румиён дубора ба тахт нишаст, аз ҷиҳати маънавӣ ба давлатӣ бегона тобеъ гардид. Хисрав дар роҳи ишқ ҳам устувор нест: ӯ ошиқи Ширин буда, аммо ба духта­ри қайсари Рум Марям хонадор шуд; ҳамчунин дар Исфаҳон бо Шакар ном духтаре ишқварзиҳо кард. Хисрав дар назди ошиқи ҳақиқӣ Фарҳод оҷизу нотавон аст.

Ӯ Фарҳодро бо роҳи хиёнат мекушад. Хисрав мағрури сурати зебои худ буда, манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои халқ ва мамлакат авло медонад. Дар характери ӯ ғуруру худписандӣ чизи асосист. Ширин дар баъзе асарҳои таърихӣ ва ривоятҳои пеш аз Низомии Ганҷавӣ офаридашуда каниз, аммо дар достони Низомии Ганҷавӣ шоҳдухтар тасвир шудааст. Образи Ширин дар достон мавқеи асосӣ дорад. Ши­рин ҳам духтари зебову оқила, ҳам подшоҳи росткору одил мебошад. Ширин дили соф дорад, ғарқи ҳиссиёти аввал ба Хисрав дил баста, оқибат фиреб мехӯрад. Низомии Ганҷавии дар ин достон тавассути образи Ширин муаммои мураккаби ишқфо ба миён гузоштааст. Ширин ошиқи ҳақиқист. Ӯ дар дил як ишқ мепарварад. Аз ин рӯ муҳаббати самимонаи Фарҳоди ҷонфидоро рад менамояд. Ширин барии ошиқон дар зиндагӣ шахсеро дӯст дошта, аммо ба муҳаббаташон ҷавоби сазовор намегиранд ва як умр бо хаёли ишқи аввали худ умр ба cap мебаранд. Низомии Ганҷавӣ ошиқи содиқу ғамхорро дар образи Фарҳод таҷассум кардааст. Барои Фарҳод ба ҷуз ишқи пок, дигар чизи қимате нест. Ӯ ҳамаро, ҳатто ҷони ширини худро дар роҳи ишқ қурбон меку­над. Фарҳод тимсоли фидокори, меҳнатдӯстӣ ва қаҳрамонист.

Низомии Ганҷавӣ ба воситаи образи Фарҳод таъкид месозад, ки ин гуна мардони ростдилу фидокор дар шароити нобаробариҳои иҷтимоии ҷамъияти феодалӣ ба мақсади худ расида натавониста, аз дунё нокому бемурод чашм мепӯшанд. Дар достони «Хисрав ва Ши­рин» маҳорати суханварии Низомии Ганҷавӣ ба дараҷаи баланд расидааст. Ин дос­тон аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонист. Маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» яке аз достонҳои шурангези Низомии Ганҷавӣ мебошад. Он 4700 байт дорад. Сю­жети аслии достон аз фолклор ва адабиёти бадеии араб омадааст. Олимон — Ибни Надим, Ибни Қутайба, Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар асарҳои худ дар бораи қиссаи «Лайлӣ ва Маҷнун» маълумот додаанд. Аксари муаррихон ва фолклоршиносони араб қаҳрамонони асосии достон Қайс ва Лайлиро шахсони таърихӣ донистаанд. Қиссаи арабии «Лайлӣ ва Маҷнун» вариантҳои бисёре дош­та, баъди истилои араб дар Эрону Осиёи Миёна паҳн шуд. Рӯдакӣ, Ро­биаи Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён ва дигарон шоирон ба ин қисса ишораҳо карданд.

Дар адабиёти форс-тоҷик ин сюжетро бори аввал Низомии Ганҷавӣ ба шакли достон мураттаб сохт. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ҳам аз қисми муқаддимаи анъанавӣ, сюжети асо­сӣ ва хотима иборат аст. Қисми асо­сии достон саргузашти пуразоб ва ишқи поку бебарори ду ҷавонро дарбар мегирад, ки дар шароити ҳаёти қабилавӣ ва қонуну қоидаҳои он гирифтори фоҷиаи сахте шудаанд. Қайс тадриҷаи аз сохти ҷамъиятии барояш номусоид ба танг омада, худро ба девонагӣ мезанад, бо ҷонварон унс мегирад, ниҳоят дар ёди Лайлӣ ҷон медиҳад. Лайлӣ ҳам олиҳаи ишқи пок буда, дар фоҷиаи ишқ ҳалоқ мешавад. низомии Ганҷавӣ дар «Лайлӣ ва Маҷнун» ба ҷуз тараннуми муҳаббати пок, боз оид ба тарбияи фарзанд фикрҳои муҳимми пандуахлоқӣ низ баён кардааст.

Шоир дар масъалаи тарбияи фарзанд се гурӯҳи падару модаронро нишон медиҳад: падару модари Қайс дар боби тарбияи фарзанд ҷиддӣ нестанд, пе­ши роҳи ӯро гирифта наметавонанд. Чунин беэҳтиётӣ дар тарбияи фар­занд оқибати нохуш меоварад. Гу­рӯҳи дигар — падару модари Лайлӣ, баръакс, ба ҳама талаботу дархостҳои маънавии фарзанд эътибор намедиҳанд, аз андозаи берун сахтгиранд. Падари сеюм худи Низомии Ганҷавӣ аст, ки бо панду насиҳатҳои хирадмандона фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Инчунин таҳлили масъалаҳои худбинӣ, гараздорӣ, аз як тараф, инсонпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз тарафи дигар, дар достон мавқеи муҳим доранд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бо маҳорати баланди суханварӣ навишта шудааст.

Тасвири ҳиссиёти ботинӣ ва ҳаяҷони руҳии қахрамонон дар достон парвози баланд дорад, Алалхусус, тасвири поёни умри Лайлӣ ва васияти ӯ ба модар бисёр ҷонгудоз аст. Маснавии чаҳоруми Низомии Ганҷавӣ «Ҳафт пайкар» мебошад, ки дар сарчашмаҳои адабӣ бо номи «Баҳромнома» ва «Ҳафт гунбад» низ ёд мешавад. Сю­жети «Ҳафт пайкар» аз қиссаҳои давраи сосонист, ки онро пеш аз Низомии Ганҷавӣ. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба назм дароварда буд. Низомии Ганҷавӣ онро аз нав таҳриру такмил карда, бо равиши то­за эҷод намуд. Достони «Ҳафг пайкар» нид аз муқаддимаи анъанавӣ, сюжети асосӣ ва хотима иборат ме­бошад. Образи марказии достон Баҳроми Гӯр аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Баҳроми Гӯр шахси таъ­рихӣ буда, вале дар асари Низомии Ганҷавӣ ба образи ҷомеъ табдил ёфтааст. Низомии Ганҷавӣ ба сюжети достон қиссаи ҳафт гунбадро дохил карда, саргузашти Баҳроми таърихиро хеле тайғир медиҳад. Баҳром аз хурдӣ ҳамчун шоҳзода хуб тарбия дида, соҳиби илму ҳунар мешавад.

Баъди вафоти падари золимаш халқ подшоҳии Баҳромро намехоҳад. Баҳром аввал кирдори ношоистаи падарро маҳкум кар­да, ваъда дод, ки роҳи ӯро давом намодиҳад. Сипас, аз байни ду шер тоҷи шоҳиро рабуда, ба тахти подшоҳӣ баромад; бо адлу дод мамлакатро обод кард, мардумро дар хушксолӣ аз марг наҷот дод. Вале баъди ин ба шикор ва айшу нӯш машғул шуда, зимами давлатро ба дасти вазираш дод; вазир роҳи зулмро пеш гирифта, кишварро хароб кард. Баҳром баъд аз ҳикояти тамсилии чӯпоне аз хиёнати вазир пай бурда, ӯро ба ҷазо расонд, ба мардум озодӣ бахшид. Низомии Ганҷавӣ дар симои Баҳром образи идеалии шоҳи одилро офаридааст. Низомии Ганҷавӣ касрҳои ҳафт гунбадро созонда, духтарони подшоҳи ҳафт иқлимро дар он ҷо нишонда, ба ҳамин роли якподшоҳӣ ва дӯстии халқҳоро талқин менамояд. Дар ранг ва тартиби ҳафт гунбад ақоиди мутараққии Низомии Ганҷавӣ, донишҳои аст­рономии ӯ ифода ёфтааст.

Ранги гунбадҳо аз мушкин (сиёҳ) оғоз ёфта, бо ранги кофурӣ (сафед) анҷом меёбад, ки ин ҳама мақоли «поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро инъикос менамояд. Тартиби рӯзҳо дар ҳафт гунбад аз рӯзи ҳафтаи мусулмонӣ (шанбе) ибтидо шуда, бо рӯзи ҷумъа ба итмом мерасад. Гунбадҳо номи ҳафт сайёраро доранд. Маснавии «Ҳафт пайкар» бисёр равону мавзун сохта шудааст. Дар достон характери қахрамонон дар харакату инкишоф тасвир меёбад, ки ин хусусан дар образи Баҳром зоҳир шудааст. Низомии Ганҷавӣ ҳамчун дигар асарҳояш дар «Ҳафт пайкар» низ ахлоқи замона — фиреб, хирс ва макрро маҳкум мекунад. Охирин ва муҳимтарин маснавии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ дос­тони «Искандарнома» аст.

Қиссаҳое дар бораи Искандар дар давраҳои пеш аз милод ба вуҷуд омада, ба воситаи аскарон ва савдогарони юнонӣ паҳн мегардиданд. Низомии Ганҷавӣ вариантҳои гуногуни қиссаи Искандарро ҷамъ оварда, кӯшиш кардааст, ки асари мукаммале ба вуҷуд орад. «Искандарнома» дорои 10500 байт буда, аз муқаддима, сюжети асосӣ ва хотима иборат мебошад. Низомии Ганҷавӣ дар муқаддима ба хонандагон муроҷиат ме­кунад, ки ба мазмуни бои достон диққат диҳанд, зеро ӯ ҳамаи дониш ва таҷрибаи гаронбаҳои зиндагии худ ва достонҳои дигарашро дар ин асар ҷамъбаст намудааст. Қаҳрамони ягона ва таърихии достон Искандари Мақдунӣ мебошад. Вале азбаски Низомии Ганҷавӣ симои Искандарро ба таври нав додан мехост, аз Искандари таърихии истилогар. ғоратгар ва хунрез чашм пӯшида, образи Искандарро аа назари худ офаридааст.

Шоир дар достон ба тарбияи Искандер махсусан диққат модиҳад, ӯро аз санҷишҳои бисёро мегузаронад, ба воситаи образи Арасту, ки ҳамдами ӯст, идеалҳои олии мамлакатдориро баён менамояд.Низомии Ганҷавӣ ҷаҳонеро орзу мекард, ки он як ҳукумат ва мисли Искандар як подшоҳи оқилу одил дошта бошад. Образи Искандер дар инки­шоф тасвир шудааст. Искандар тадриҷан аз подшоҳ ба шахси ҳаким ва хирадманд мубаддал мешавад. «Хам­са» Низомии Ганҷавӣ шӯҳрати умумиҷаҳонӣ дорад. Зиёда аз ҳафт аср аст, ки шакли аҷоиб, тасвирҳои барҷаста, забони фасеҳ ва ғояҳои наҷиби достонҳои Низомии Ганҷавӣ суханварони Шарқро ба шавқ меорад. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба инкишофи назми Шарқ таъсири бузург бахшидааст. Аз асри 13 инҷониб ба достонҳои Низомии Ганҷавӣ ҷавобу назираҳои бисёре ба майдон омадаанд. Ба «Махзан-ул-асрор» дар забони форсӣ 42, ба «Хисрав ва Ширин» дар забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, озарбойҷонӣ, туркӣ 42, ба «Лайлӣ ва Маҷнун» дар забонҳои форсӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, озарбойҷонӣ, туркӣ ва курдӣ 40 назира ба вуҷуд омадааст. Дар байни назираҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ «Хамса»-ҳои Хисрави Деҳлавӣ, Алишери Навоӣ ва «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ мавқеи асосӣ доранд.

Низомии Ганҷавӣ дар достонҳояш ақидаҳои мутараққии замони худро ифода кардааст. Ақидаҳои иҷтимоии Низомии Ганҷавӣ ҷамъбасти ақидаҳои иҷтимоии оммаҳои меҳнаткаши асрҳои миёна — ақидаи деҳқонии адолатхоҳӣ мебо­шад. Мувофиқи ин ақоид мамлакатро бе подшоҳ тасаввур кардан мумкин нест. Подшоҳи меросист ва под­шоҳ сардори халқ аст. Подшоҳ ва вазирону ҳокимони ӯ бояд боинсофу адолатпарвар башанд. Он гоҳ халқ вазифадор аст, ки ба ин гуна под­шоҳ итоат бинамояд. Дар акси хоҳ, халқ ҳак дорад ба ҷои подшоҳи зо­лим шоҳи одил интихоб кунад. Ба ақидаи Низомии Ганҷавӣ барои ҷорӣ намудани баробариву адолат барҳам додани усули шоҳӣ шарт нест, балки бо пандомӯзӣ ва танқиди зулму золимон вазъи мамлакатдориро ислоҳ кардан имконпазир аст. Ҳокимон бояд ба сухани халқ гӯш дода, нуқсонҳои давлатдориро ба ислоҳ расонанд. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Искандарнома» ғо­яи сотсиалиами хаёқиро ба миён гузошта, ҷамъияти феодалиро маҳкум мекунад. Ӯ ин ақидаро дар лаҳзаи «Ба мамлакати Шимол рафтани Ис­кандар», ки мардумонаш озоду баробарҳуқуқ буданд, аз номи қаҳрамони идеалӣ Искандар ифода кардааст. Наҳонбинӣ ва ақоиди фалсафии Низомии Ганҷавӣ ба шароити иҷтимоию таъ­рихии замони ӯ вобастагӣ доранд. Низомии Ганҷавӣ пайравӣ фалсафаи ҳукмрони замони феодалӣ — калом буда, «шайх-ул-мутакаллимин» унвон ги­рифта аст. Ӯ худоро офаридагори оламу одам ва аввалу охири ҷаҳон медонад. Ба ақидаи ӯ замин маркази афлок буда, сайёраҳо дар атрофи он давр мегарданд:

Хабар дорӣ, ки сайёҳони афлок

Чаро гарданд гирди тӯдаи хок?

Ба ташкилоти қосибон «ахӣ» расман алоқадор будани Низомии Ганҷавӣ маълум нест, вале ғояҳои ин ташкилот дар асарҳои ӯ инъшкос ёфтааст. Низомии Ганҷавӣ инсониятдӯст ва халқпарвари бузург бу­да, бо асарҳои гаронбаҳояш ба ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ ҳиссан калон гузоштааст. Омӯзиши эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ дар асри 19 оғоз ёфт. Олимони шарқшинос, адабиётшиносон — Ҳ, Э. Браун, Ризозодаи Шафақ, Шиблии Нӯъмонӣ, Забеҳуллоҳи Са­фо, Ян Рипша ва дигарон ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд. Олими эронӣ Ваҳиди Дастгирдӣ ашъори лирикии шоирро ҷамъоварӣ ва нашр кар­дааст. Омӯзиши илмии доманадори эҷодиётл Низомии Ганҷавӣ дар замони советӣ cap шуд. Тадқиқоти мукаммал дар бораи Низомии Ганҷавӣ ба қалами Е. Э. Бертелс тааллуқ дорад. Дар Озарбонҷон оид ба эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ тадқиқоти зиёде анҷом ёфтаанд. Олимони озарӣ матни илмии танқидии достонҳои «Хамса»- ро чоп карданд. Ҳамаи осори ӯ ба забони озарбойҷонӣ тарҷума шуда­аст. Бисёр офаридаҳои ӯ инчунин ба забони дигар халқҳои СССР ва хориҷӣ низ ба табъ расидаанд. Соли 1941 800-солагии Низомии Ганҷавӣ ҷашн гириф­та шуд. Ҳар сол дар Кировобод (собиқ Ганҷа) ҷашни солонаи Низомии Ганҷавӣ баргузор мешавад. Дар зодгоҳи шоир ва шаҳри Боку ҳайкали ёдгории ӯ гузошта шудааст. Мақбараи Низомии Ганҷавӣ дар Кировобод аст. Соли 1979 дар Киров­обод музеи Низоми Ганҷавӣ кушода шуд. Дар асосӣ достонҳои Низомии Ганҷавӣ филмҳо, пэсаҳо, балет, опера, асарҳои рассомӣ ба миён омадаанд. Дар СССР мактабҳои олӣ ва миёна, театрҳо, китобхонаҳо, кӯчаҳо ба номи Низомии Ганҷавӣ гузошта шудаанд.

Ос.: Баҳром ва ҳафт пайкар, Сталинобод, 1941; Достони «Лайлӣ ва Маҷнун», Сталинобод, 1948; Ҳикоятҳо аэ «Хамса», Д., 1969.

Ад.: Бертельс Е. Э., Роман об Александре и его главные версии на Во­стоке, М., 1948; ҳ а м о н м у а л л., Ни­зами. Творческий путь поэта. М., 1956; хамон муалл., Низами и Фуэули, М., 1968; Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, к. 1, Д., 1976.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …