Маълумоти охирин
Главная / Техника / Нивелир

Нивелир

Нивелир (аз фралс. niveler — ба­робар намудан, niveau — сатх); асбоби геодезист барои нивелиронидан ва муайян намудани самтҳои гори­зонталӣ ҳангоми корхҳи монтажкунӣ. Бештар Нивелирҳои оптики-механикӣ маъмул гаштаанд, ки дар онҳо фар­қи баландии ду нуқта тавассути шуои (хати) визирии горизонталӣ аз рӯи тахтачаҳои махсуси дар нуқтаҳои тадқиқшававда гузошташуда муайян карда мешавад. Қисмҳои асосии Нивелир обтарозу (ватерпас) ва гулбаи биниш мебошалд.

Ба комплекти асбоб тахтачаҳои невелиронӣ низ мансубанд. Нивелирҳои обтарозуашон ба ғулбаи биниш васлшу- да ва Нивелирҳои обтарозуашон ба кор­пус васлшуда мавҷуданд. Пеш аз истифода хати визириро бо ёрии обтарозу ба ҳолати горизонталӣ меоранд. Дар Нивелирҳои хати визириашон худ аз худ созшаванда ин кор ба таври автоматӣ иҷро мешавад. Барои зуд ба «нуқтаи нулӣ» овардани ҳубобчаи обтарозу ва баланд бардоштани саҳеҳӣ Нивелирҳоро бо винти элеватсионӣ таъмии мекунанд. Нивелирҳо аз рӯи дараҷоти дақиқашон фавқуддақиқ, дақиқ ва техникӣ мешаванд. Баъзан Нивелирҳои гидростатикиро, ки дар онҳо хосияти зарфҳои марбут истлифода шудаанд, низ кор мефармоянд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …