Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитропайвастҳо

Нитропайвастҳо

Нитропайвастҳо, пайвастҳои органикие, ки дар молекулаашон як ё якчанд нитрогурӯҳи (—NOj) бо атомҳои карбон пайваст доранд. Мо­но-, ди- три- ва полинитропайвастҳоро фарқ мекунанд. Нитропайвастҳо алифатӣ (нитропарафинҳо ва нитроолефинҳо), ароматӣ (нитроанилинҳо, нит­робензол, нитротолуол, нитронафта­лин ва ғайра), ароматию алифатӣ (дар занҷири алифатии паҳлуиашон нитрогурӯҳ доранд, масалан, фенилнитрометан СвНвСНгМОг, нитростирол С*Н*— —CH=CHNOj ва ғайра, ҳам дар занҷири паҳлуии алифатӣ ва ҳам дар ҳалқаи ароматиашон нитрогурӯҳ до­ранд, масалан, п-нитрофенилнитрометан 02NC6H40HjN02) мешаванд. Нитропайвастҳои ароматӣ моддаҳои моеъи зард ё кристалл буда дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳалшавандаанд.

Нитропайвастҳои ароматиро дар саноат ва лаборатория бо роҳи нитронидани пайвастҳои ароматӣ ҳосил мекунанд. Полинитропайвастҳои ароматиро ба сифатп моддаҳои тарканда истифо­да мебаранд. Нитропайвастҳои алифатиро дар са­ноат асосан ҳангоми бо кислотаи нитрат ё оксидҳои нитроген нитронидани парафин ҳосил мекунанд. Мононитропарафинҳои соддатарин моеъи беранг буда, бӯи хос доранд. Нитропарафинҳо бо осонӣ то гидроксиламинҳо ва аминҳо барқарор ме­шаванд. Ҳангоми таъсири кислотаҳои консентронида ба Нитропайвастҳо кислотаҳои карбон ҳосил мешаванд. Нитропайвастҳои алифатӣ бо алдегидҳо ва кетонҳо бо осонӣ конденсатсия шуда нитроспиртҳо ҳосил мекунанд, ки онҳо дар навбати худ дегидратасия шуда ба нитроолефинҳо табдил меёбанд, Ин реаксияро дар амалияи лабораторӣ васеъ истифода мебаранд. Баъзе Нитропайвастҳо заҳрнок буда, ба ҷигар, чашм ва ғайра зарар мерасонад.

Адабиёт: Нитрование углеводородов и дру­гих органических соединений, Москва, 1958 Химия нитрои нитрозогрупп, Москва , 1972; Химия и технология бризантных взрыв­чатых веществ, Ленинград, 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …