Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитроглисерин

Нитроглисерин

Нитроглисерин, тринитрати глисерин, CH2ONO2—GHONOj— — CH2ONO*, эфири пурраи глисерин ва кислотаи нитрат, моддаи таркан­да. Нитроглисерин моеъи равғанмонанди беранг; ду хел кристалл ҳосил мекунад: но- устувор (t гудозиш 2,8“ Селсия) ва собит (t гудозиш 13,5е Селсия); зичиаш 1591 килограмм/метр9 (25° Селсия); дар об ҳалнашаванда, дар асетон, эфир, бензол нағз ҳал меша­вад. Нитроглисерин аз таъсири зарба метаркад. Нитроглисеринро дар натиҷаи бо омехтаи нитронанда нитронидани глисерин ҳо­сил мекунанд. Нитроглисерин чун моддан таркан­да дар истеҳсоли динамит ва борутҳои гуногун истифода мешавад. Дар амалияи тиб дар намуди маҳлули спиртӣ (ба шакли қатра) ва доруи қурс барои рафъи хурӯҷи зиққи дил истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …