Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитроген

Нитроген

Нитроген (аз нитро… ва…гем), N, элемента химиявии гурӯҳи V сис­темаи даврии Менделеев, рақами ат. 7, массаи ат. 14,0067. Нитрогени табиӣ аз 2 изотопи собит: 4N (99,635%) ва1,5N(0,365%) иборат аст. Аз изотопҳои радиоактивиаш ,3N(Т’/2 *= 10,08 дақиқа) бештар устувор аст. Пайвастҳои Нитроген— селитра, кислотаи нитрат, аммиак пеш аз кашфи Нитрогени озод маълум буданд. Нетрогенро соли 1772 Д. Резерфopд кашф намуда, ба он «гази хафакунанда» ном дод. Соли 1787 А. Ла­вуазье моддаи содда будари Нитрогенро исбот кард ва онро азот (аз юнорӣ azos — беҳаёт) номид. Соли 1790 Ж. А. Шаптал ба он номи нитрогенро дод. Нитроген яке аз элемонтҳои паҳншудатарини Замин аст. Қисми зиёди он (қариб 4 • 10″ тонна) дар атмосфера паҳн шудааст. Нитрогени озод (N2) 78,09%-и ҳаҷм ва 75,6 %-и массаи ҳа- воро ташкил менамояд. Хлориди ам­моний NH4C1 ва нитратҳои гуногун пайвастҳои асосии табиии Нитроген ба шу­мор мераванд. Конҳои калонтарини селитра дар Чили, Осиёи Миёна дучор мешаванд.

Нитроген яке аз элементҳои муҳими ҳаётӣ буда, дар сафедаи ҳайвоноту одам 16—17% мавҷуд аст. Baй дар шакли пайваст дар таркиби нефт (0,02—1,5%), ангиштсанг (1—2,5%), хок (0,1%), оби баҳру уқёнусҳо низ мавҷуд аст. Нитроген дар табиат бо фаъолияти микроорга­низмҳо — азотандӯзҳо, нитроандӯзҳо, денитроандӯзҳо доимо дар гардиш аст. Нитроген элементи газмонанди беранги бебӯй ва бемаза буда, аз ҳаво сабуктар аст. Зичиаш 1250,6 килограмм/метр* (дар О*Селсия ва 760 миллиметр сутуни симобӣ), t гудозиш 209,86° Селсия, t ҷӯшиш 195,8е Селсия. Нитроген дар об кам (дар 0°С дар 1 м9 Н20грамм) ва дар баъзе карбогидридҳо нғз ҳал мешавад.

Нитрогени озод танҳо бо металлҳои фаъол Li, Са, Mg дар ҳарорати на он қадар баланд, бо элементҳои дигар дар ҳарорати баланду фишор ва иштироки катализатор пай­васт мешавад. Нитроген бо гидроген амми­ак, гидразин (N2H4), диимид (N2H2), октазон (NeHu) ва ғайра, бо оксигеп оксидҳо (N2O, NO, N203, N02i N2Ob), бо металлҳо нитридҳо ва ғайра, ҳосил менамояд. Нитрогенро дар лаборатория аз намакҳои кислотаи нитрит (масалан NH^Oj) ва дар саноат аз ҳавои моеъ ҳосил мекунанд. Нитроген ва пайвастҳои он барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, моддаҳои тарканда, синтези аммиак, кислотаи нитрат, ҳосил кардани ҳарорати паст (аз Нитрогени моеъ) ва ғайра истифода мешаванд. Нитрогени моеъро дар зарфҳои пӯлодӣ (зарфи Дю­ар) ва Нитрогени газшаклро дар баллонҳо нигоҳ медоранд ва мекашонанд.

Адабиёт: Химия и технология связанного азота. Москва— Ленинград, 1934; Ре ми Г., Курс не­органической химии, том I, Москва, 1863; Нек­расов Б. В., Основы общей химии, том 1, Москва» 1965.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …